«Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи динро амалӣ менамояд», — бардошт аз конфронси ҷумҳуриявӣ

Июль 2, 2019 14:35

ДУШАНБЕ, 02.07.2019. /АМИТ  «Ховар»/ Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи динро амалӣ менамояд. Ин сиёсат бар пояи ҳуқуқу озодии инсон, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ ва баробарии пайравони ҳамаи динҳо, инчунин бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ асос ёфтааст. Матлаби мазкур имрӯз, 2 июл зимни баргузории Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он дар соҳаи озодии виҷдон» дар шаҳри Душанбе баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конфронси мазкурро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, дар он Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Раиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, имомхатибон ва ходимони дин иштирок намуданд.

«Ба хотири тадбиқ ва танзими сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар мамлакат Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон фаъолият карда истодаанд. Инчунин дар замони соҳбистиқлолии мамлакат ба Дониишкадаи исломии Тоҷикистон мақоми давлатӣ дода, он ба номи Имоми Аъзам гузошта шуд», — иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Ба гуфтаи мавсуф, ин сохторҳо барои муттаҳид намудани иттиҳодияҳои динӣ, рушд ва ҳифзи суннатҳои динӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода аз тадбирҳои андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ёдовар шуда, гуфт: «Яке аз ҳадафҳои асосии Сарвари  давлат ин буд, ки шароити зиндагии халқ беҳтар гардад».

Яке аз масъалаи дигаре, ки ба самти эътиқодоти динӣ мансуб аст, ин ба ҷо овардани маносики ҳаҷ мебошад. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, баъзе аз ҳамватанони мо ба гуфтаи Пешвои миллат, «зиёратро ба тиҷорат табдил дода, чандин бор ба ҳаҷ мераванд».

Тавре Пешвои миллат 12 майи соли 2018 зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат  иброз доштанд: «Ба назар чунин мерасад, ки иддае аз мардуми мусулмони мо то ҳанӯз ба ҳикматҳои аслии ислом ва рукнҳои он дуруст сарфаҳм нарафтаанд. Чунонки борҳо гуфтаам, баъзе ҳамватанони мо зиёратро ба тиҷорат табдил дода, чандин бор ба ҳаҷ мераванд.

Дар ҳоле ки метавонанд маблағи ҳаҷҷи такрориро барои кумак ба хешу табори муҳтоҷашон, таъмири роҳи деҳаи худ ё бунёди мактабе, ки фарзандону набераҳояшон дар он бо шароити беҳтар таҳсил хоҳанд кард, сарф кунанд.

Баъзе шахсони олиҳиммату дурандеш то имрӯз, аллакай чунин карданд, мактабҳо сохтанд, роҳи деҳаашонро таъмир карданд, маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ бунёд намуданд. Тасаввур кунед, ки онҳо чӣ қадар савоби бузург гирифтанд».

Бо назардошти таъкидҳои  пайваста ва дарки андешаи хирадмандонаву дурандешонаи Президенти мамлакат ин масъала низ то андозае рӯ ба коҳиш оварда, шаҳрвандон аллакай ба ҷойи ҳаҷҷи такрорӣ ба корҳои ободонӣ пардохтаанд.

«Хушбахтона, имрӯз миёни падарону модарони мо теъдоди зиёди нафароне ба назар мерасанд, ки ба хотири пайравӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат, ободии мамлакат ва арҷ гузоштан ба Ватану ватандорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то бештар корҳои хайру савоб анҷом диҳанд. Албатта, нақш ва саҳми сохторҳои дахлдори динӣ ва имомхатибон дар ин самт назаррас мебошад», —  илова намуд Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Зимнан, 12 майи соли сипаригардида Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат баён доштанд: «Муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиатҳои умумимидавлатӣ гарави таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад».

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иброз дошт, ки конфронси имрӯза ба даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодиҳои виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бахшида шуда, метавонад барои мубодилаи афкор миёни коршиносони соҳа шароит фароҳам оварад.

Номбурда иброз дошт, ки баъд аз соҳибистиқлолии мамлакат дар самти озодиҳои динӣ ва барои ба танзим даровардани муносибатҳои давлат ба дин як зумра тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ бо теъдоди мавҷудияти иттиҳодияҳои динӣ мақоми аввал ишғол менамояд», — зикр намуд Сулаймон Давлатзода

Ба гуфтаи мавсуф, «пайравони динҳои дигар дар мамлакати мо ҳудуди 1 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Аммо барои онҳо зиёда аз 65 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият менамоянд, ки ин нишондод дар минтақа ба назар намерасад».

Зикр шуд, ки айни ҳол дар мамлакат 3 ҳазору 952 иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла 3 ҳазору 882 масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта, 2 кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ва 1 ҷамоатхона ба ҳайси иттиҳодияҳои динии исломӣ фаъолият доранд.

Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  аз ҷумлаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва далели бебаҳси таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ва арзишҳои динӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин  мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо назардошти манфиатҳои миллии мамлакат муайян ва танзим менамояд.

Тавре дар ин санад омадааст: «Ҳадафи асосии Консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад».

Ёдовар мешавем, ки дар конфронс олимону донишмандон ва ходимони дин оид ба паҳлӯҳои мухталифи озодии виҷдон ва ҷойгоҳи дин дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози назар ва мубодилаи афкор намуданд.

Июль 2, 2019 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода