Вазорати маориф ва илм ният дорад, ки корхонаи истеҳсоли пойафзоли бачагона таъсис диҳад

Июль 25, 2019 11:28

ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки дар назди Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ корхонаи истеҳсоли пойафзоли бачагона таъсис диҳад. Дар ин бора Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид  зимни нишасти матбуотии ин ниҳод оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳаи аввали соли равон ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои мавсуф, таъсиси чунин коргоҳ барои таъсиси ҷойҳои кории нав мусоидат намуда, инчунин барои соҳибкорон имконияти хуби ба фурӯш гузоштани маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳониро фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 2 млн нафар хонандагон таҳсил мекунанд, ки давоми се фасли сол ба ҳар яки онҳо се ҷуфт пойафзол рост меояд. Танҳо барои хонандагони мактабҳои миёна дар як сол 6 млн ҷуфт пойафзол зарур аст.

Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Нуриддинзода, то имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 10 корхонаи истеҳсоли чарм ва пойафзол фаъолият менамоянд, ки барои баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва минтақа, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо молҳои мавриди ниёзи мардум, зиёд намудани иқтидори содиротии маҳсулоти тайёр ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар шашмоҳаи соли равон аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолии Вазорати саноат ва технологияҳои нав  336,5 ҳазор ҷуфт пойафзолҳои гуногун истеҳсол гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷараёни саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегии миллӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

Аз ҷумла, то сисолагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баистифодадиҳии 19 корхона бо таъсиси 1977 ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.

Агар дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба сари ҳар нафар дар як сол дар чор мавсим чор пойафзол рост ояд, пас ба ҷумҳурӣ дар як сол 36 млн ҷуфт пойафзол лозим аст.

Аз ин рӯ саноатикунонии ҷумҳурӣ ҳадафи асоснок буда, бо зиёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ сатҳи иқтисодиёт ва  зиндагии мардум боло рафта, молҳои ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ бо тамғаи «Made in Tajikistan» харидори хешро пайдо мекунанд.

Ба гуфтаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, «мо кӯшиш  мекунем, ки маҳсулоти истеҳсолкардаамон ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад».

                              Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2019 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд