ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои иловагии Гимназияи №74 мавриди истифода қарор мегирад

Август 16, 2019 14:29

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 21 муассисаи таълимӣ  барои 18 594 ҷойи нишаст пешбинӣ  шудааст. Аз ҷумла, то оғози соли таҳсил дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ-Гимназияи №74 барои 640 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор мегирад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, бинои иловагӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, 29 синфхонаи барҳаво ва замонавӣ, аз ҷумла синфхонаи таълими меҳнат, кабинетҳои фаннии химия ва биология, кабинети омодагии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи компютерӣ, физика ва астрономия бо озмоишгоҳ, китобхона ва толори хониши барҳаво дорад. Фарши синфхонаҳои муассиса бо ламинат ва даҳлезҳо бо сангҳои гранит ороиш дода шудаанд.

Бартарияти дигари муассисаи навбунёд он аст, ки ҷараёни таълиму тарбия, баргузории дарсҳои амалию назариявӣ ва рафтору муомилаи толибилмону омӯзгорон аз як ҳуҷра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат шуда, волидайн метавонанд ҷараёнти таҳсил ва одобу муоиширати фарзандони хешро ҳангоми дарс бевосита аз ҳамин ҳуҷра назорат намоянд.

Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ-Гимназияи №74 дар маҳаллаи 46 ҷойгир буда, талаботи сокинони ин мавзеъ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Бинои асосии мактаб аз солҳои 70-уми асри гузашта инҷониб фаъолият дорад.

Бинои нави иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳаҷми беш аз 16 млн 350 ҳазору 150 сомонӣ бунёд шуда истодааст.

Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пудратчӣ ҶСК Заводи ЖБК-1 мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 2 апрели соли 2018 оғоз гардидаанд.

Тавре дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зикр карданд, аз 21 муассисаи таълимие, ки то ҷашни миллӣ дар шаҳри Душанбе бунёд мегарданд, 4 –тоаш дар ноҳияи Фирдавсӣ бо 5840 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар маҷмӯъ дар шаҳри Душанбе сохтмони 23 муассисаи томактабӣ барои 3310 ҷой пешбинӣ гардидааст, ки аз ин шумора 3 ададаш бо 350 ҷой ба ноҳияи Фирдавсӣ рост меояд.

Сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе имкон фароҳам овардааст, ки дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ барои зиёда аз 100 ҳазор ҷойи нишаст биною иншоти гуногуни соҳаи маориф ба истифода дода шаванд.

Пешвои  миллат аз ибтидои фаъолияти  роҳбарӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифро соҳаи афзалиятноки ҷомеаи навин ҳисобида, сиёсати маорифпарваронаи  хешро баҳри рушду такомули  он ва сифатан  инкишоф  додани маърифати ақлонии насли наврас  равона сохта,  дар ин радиф  ҳар сол дар  қаламрави  мамлакат даҳҳо муассисаҳои таълимии нав  бунёд мегарданд. Инчунин маоши вазифавии кормандони соҳа сол аз сол зиёд мегардад.

Дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат  ба истифода  додани  чунин даргоҳи илму  маърифат  нишони ғамхориҳои беназири  Сарвари давлат ба аҳли маориф ва  насли ояндаи кишвар аст. Ҷавобан  ба ин ғамхориҳо  ва эътимоди бузург бояд маорифчиён насли навраси имрӯзаву  соҳибони фардои  ватанро  дар  рӯҳияи садоқатмандӣ ба сарзамини муқаддаси аҷдодӣ  ва  эҳтиром  ба суннатҳои арзишманди  ниёгони хеш  ба камол  расонанд. Насли наврас ва ҷавон бояд тамоми  малакаву маҳорат  ва  донишу маърифати хешро тақвият бахшида, дар ободу зебо гардондани Ватани азиз саҳм гузоранд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Август 16, 2019 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад