Абдураҳмон Муҳаммад: Муҳимтарин масъалаи ҷомеаи мо — тарбияи фарзандон аст

Август 2, 2019 12:03

ДУШАНБЕ, 02.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар он ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Абдураҳмон Муҳаммад, муовини директори Институт, номзади илмҳои филология Азимҷон Раҳмонзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Носир Назарзода ва дигар кормандони Институт иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш Абдураҳмон Муҳаммад зикр намуд, ки касе ҷанги шаҳрвандиро дидааст, медонад, ки ҷанг чӣ пайомадҳо дорад. Насли имрӯза, ки даҳшати он ҷангро надидаанд, аз ин рӯ фаҳмишу хулосабарорӣ барояшон мушкилтар аст.

“Барои пешгирии омилҳои номатлуби дорои хатарҳои террористӣ бояд таваҷҷуҳро нисбат ба тарбия ва омӯзиши фарзандон зиёдтар кунем. Зеро беназорат мондани фарзандон сабаби ба роҳи нодуруст рафтани онҳо мешавад. Ҳамзамон барои рафъи ин мушкилӣ бояд робитаи мактаб бо хонаводаҳо мустаҳкам бошад. Муаллима на факат барои ситонидани пул, балки барои аз ҳолу хондани талаба хабардор шудан бо волидон пайваста дар тамос бошад”.

Дар идомаи суханронии худ Абдураҳмон Муҳаммад гуфт, ки муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаи ҷомеаи мо имрӯз низ, чун дар ҳамаи давру замонҳо,  тарбияи фарзандон аст. Вале ин кори саҳл сода нест, кӯшишу заҳмати фаровон ва масъулияти калонро мехоҳад. Фарзанд ниҳоли умри одамизод аст. Ва он ҳамон вақт бор меаварад ва лаззату комгорӣ мебахшад, ки агар волидон чун боғбон  пайваста ба нигоҳубини парвариши он машғул бошанд. Боғбон ҳамон вақт аз меҳнати худ қаноатманду розӣ хоҳад шуд, ки агар меваҳои ниҳоли парваридааш хуштаъму болаззат бошанд ва коми дигаронро низ ширин гардонанд.

Муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Азимҷон Раҳмонзода зимни ҳамоиш изҳор намуд, ки “вақтҳои охир масъалаҳои марбут ба ҷавонон дар ҷомеа зиёд шудаанд. Дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бекорӣ ва камбудиҳои дигари ҷавонон ақидаҳои ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоӣ низ мафкураи ҷавонони моро вайрон менамоянд”.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Носир Назарзода сабабҳои ба доми ифротгароён афтидани ҷавонони ноогоҳро ба риштаи таҳлил кашид. Ба ақидаи мавсуф, “омилҳои ҷалбшавии сокинон,  хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  хеле зиёд мебошанд, вале қабл аз  ҳама,  ин  бархурдор набудан аз авзои сиёсии ҷаҳон,  ҳис накардани хатари ифротгароӣ, зудбоварӣ, ба доми фиребу амали  одамони тасодуфӣ афтидан,  соҳиби  пули бедарди миён гаштан ва аз ҳама муҳимаш- надоштани илму донишҳои кофии замонавиянд, ки онҳоро ба  мушкилиҳои зиёд гирифтор карда, саргардониҳо ба бор меоранд. Дигар сабаби пайвастани ҷавонон  ба  чунин равияҳо — ин  аз  назорати волидайн дур мондани фарзандон аст, ки билохира онҳоро ба роҳи хато мебарад”.

Ходими илмии Институт Умед Пудинаев дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки “барои аз ин варта берун шудани ҷавонон ба онҳо бояд талқин намуд, ки рӯзномаву маҷалла ва китоб хонанд, то аз авзои муташанниҷи дунё ва бозиҳои пасипардагӣ бохабар гарданд. Аслан вақте ки падару модар аз китобу нашрияҳои даврӣ истифода намебаранд, пас чӣ гуна фарзандони онҳо рў ба китобу нашрияҳои даврӣ оваранд?!”

Ҳамзамон ба гуфтаи мавсуф, паҳлӯи  дигари масъала- ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва муносибату машварат кардани масъулин, шурўъ аз раисони маҳаллаҳо то роҳбарияти ноҳияҳову вилоятҳо бо ҷавонон бояд бошад. Бояд роҳбарият бо шунидани ҳарфи ҷавонон ва дарди дили онҳо ба онҳо машваратҳои судманд дода, мушкилоташонро ба қадре ҳал намоянд. Дар сурати машварат накардан бо ҷавонон имкон дорад, ки кор бадтар шаваду мушкилот зиёдтар.

Умед ЛОИҚЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 2, 2019 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад