Ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ густариш меёбад

Август 22, 2019 15:11

ДУШАНБЕ, 22.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) Ҳодӣ Сулаймонпур мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот оид ба раванди рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маълумот дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҷаласаи навбатии вазирони сайёҳии кишварҳои узви ЭКО ва коршиносони аршади он, ки рӯзҳои наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуданд.

Дабири кулли ЭКО иброз дошт, ки барои минтақаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Тоҷикистон ҷозибияти бештарро доро мебошад ва мақсад аз гузаронидани ҷаласа ин таъмини рушди сайёҳии устувор дар кишварҳои узви созмон маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, ӯ ташкили хатсайрҳои минтақавӣ ва осон намудани раводидро миёни кишварҳои узви созмон яке аз авлавиятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ барои кишварҳои минтақа арзёбӣ намуд.

Дар идомаи мулоқот раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ тақвияти муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои узви ЭКО дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии солимгардонию табобатӣ, мубодилаи таҷриба бо кишварҳои узвии созмон ва роҳҳои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Август 22, 2019 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд