Ба истифода супурдани бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Август 20, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд.

Бинои оташнишонии ноҳия дар кӯтоҳтарин фурсат бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Баробари бунёди иншоот барои фаъолияти дурӯсти кормандони ин сохтор шароити зарурӣ муҳайё гардид.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони маълумот дода шуд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои парки автомобилӣ, 2 адад нақлиёти оташнишонӣ, 10 ҳуҷраи корӣ — утоқҳои дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ, инчунин ҳуҷраи маишӣ ва бойгонӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин дар ошёнаи якуми бино ду утоқи кории махсус барои ситоди ҳолатҳои фавқулода ҷойгир карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин сохтор 1 адад воситаи нақлиёт тақдим намуданд, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.

Баҳри зебову назаррабо гардидани атрофи бино дар масоҳати зиёда аз 20 садяк замин беш аз 3500 дона гулҳои ҳархела ва 40 дарахти ҳамешасабз шинонида шудаанд. Ҳамзамон ба хотири рафтуомади бе мамониат масофаи 200 метр роҳ мумфарш гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои асосии оташхомӯшкунӣ, асбобҳо барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми садама, либоси махсус барои хомӯш намудани сӯхторҳои ҳарораташон баланд ва дигар намуди таҷҳизоти муосирро, ки ба маъраз гузошта шуда буд, тамошо карданд.

Кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои таъмини шароити муосири фаъолият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Ба истифода супурдани бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 20.08.2019

Август 20, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон