БА ЗАМИНЛАРЗАИ ҲОИТ 70 СОЛ ПУР ШУД. Имрӯз дар ноҳияи Рашт маросими ёдбуди қурбониёни ин фоҷиаи мудҳиш баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 17.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 70 сол пеш, субҳи 10 июли соли 1949 яке аз фоҷиаҳои бузург дар ҳаёти кишварамон – заминларзаи Ҳоит рух дода буд. Ба ин муносибат имрӯз, 17 август, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маросими ёдбуди қурбониёни ин фоҷиаи мудҳиш баргузор мешавад.
Дар он шоҳидони бевоситаи заминларзаи Ҳоит иштирок намуда, хотироти хешро пешниҳоди иштирокдорони маросим мегардонанд.
Мавзӯъро коршиноси сиёсии Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхоҷа АКБАРОВ идома медиҳад.
Заминларзаи Ҳоит, ки 10 июли соли 1949 рух дод, аз ҷумлаи даҳшатноктарин ҳодисаҳои асри XX дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Он дар як лаҳза як ноҳияи номдор ва қадимаи мамлакат — Ҳоитро ба хок яксон гнамуд. Заминларза ба ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол ва Қалъаи Лаби об (ҳозира Тоҷикобод) низ хисороти зиёд овард. Дар натиҷаи он 150 деҳа вайрон шуда, беш аз 30 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, бе ному нишон шуданд.
Маълумоти таърихӣ
Баъд аз ташкил шудани Ҳокимияти Шўравӣ дар водии Рашт соли 1921 вилояти Ғарм таъсис ёфт. 10 марти соли 1931 ноҳияи Ғарм ташкил шуд. Тибқи қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001, номи ноҳияи Ғарм ба ноҳияи Рашт табдил дода шуд.
Бо Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июни соли 1926 ноҳияи Ҳоит таъсис ёфта, то моҳи марти 1931 дар ҳайати он ноҳияҳои Ҷиргатол (ҳозира ноҳияи Лахш) ва то моҳи августи соли 1936 Қалъаи Лабиоб (ноҳияи Тоҷикободи ҳозира) шомил буданд.
Тибқи маълумот, то ба амал омадани заминларзаи мудҳиши 8–10 июли соли 1949 масоҳати маъмурии ноҳияи Ҳоит беш аз 159,826 гектарро ташкил дода, дар он зиёда аз 60 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебурданд. Дар ноҳияи Ҳоит ҳашт ҷамоати деҳот, ки дар ҳудуди онҳо 53 деҳа ва 44 колхоз таъсис шуда буданд, фаъолият мекарданд. Худи маркази ноҳияи Ҳоит мақоми шаҳрро доро буд.
Ҳоит яке аз ноҳияҳои бисёрсоҳаи аграрӣ (зироаткорию чорводорӣ, тухмипарварӣ) дар водии Қаротегин (имрўза водии Рашт) ба шумор рафта, дар бобати ба даст овардани ҳосили баланд дар ҳама соҳаҳо шуҳратёр гардида буд. Мулки Ҳоити куҳан як қисми ҷудонашавандаи водии зархез ва мулки пурбаракати Қаротегин ба ҳисоб рафта, таърихи беш аз 2500- соларо дорост.
Атрофи мавзеи Ҳоитро қаторкўҳҳои сарбарфалаккашида иҳота кардаанд, ки аз ҳар гуна офатҳои табиӣ ва шамолҳои сахту тундбоди табиат эмин нигоҳ медоранд. Иқлим ва релефи Ҳоит аз дигар минтақаҳои Раштонзамин бо доштани хусусиятҳои хоси нармӣ ва гувороӣ фарқ мекунанд.
Аз рўйи бозёфти бостоншиносон дар водии Қаротегин, хусусан дар Ҳоити куҳан се қалъа мавҷуд будааст, ки дар замони худ аҳамияти ҳарбӣ ва стратегӣ доштаанд: Қалъаи Ярхич, Қалъаи Ҳисорак ва Қалъаи Ҳоит. Ин қалъаҳо тибқи нақшаҳои меъмории қадимаи ориёӣ, хеле боҳашамат ва бо нуқтаҳои назорати дидбонӣ барои ҳифзи сарҳади давлати миллии тоҷикон аз ҷониби қабилаҳои кўчманчӣ сохта шуда будаанд. Мулки Ҳоит яке аз мавзеъҳои қабулу истироҳати меҳмонони Қаротегин ба ҳисоб мерафт.
Дар солҳои 1930 маркази Ҳоит яке аз нуқтаҳои фарҳангӣ бо муаррифии фарҳанги баланди шаҳрвандӣ, сохтмонию меъморӣ, маркази тиҷоратии минтақавӣ доштанаш шинохта шуда буд.
Барномаҳои рушди ҷароғонкунонӣ дар ноҳияи мазкур аз соли 1936 бо кўшиши муҳандиси рус Н.Бубнов сурат гирифтаанд, ки дар маркази Ҳоит нахустин НБО-и хурд ба истифода дода шуда буд. Дар соҳаи рушди коркарди филизоти гуногун: (оҳан, нуқра, мис, тилло, ангиштсанги навъи кокс (антраксид), санги мармар, намак, оҳаксанг ва ғайра), ҳунармандӣ: чӯянгарӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, заргарӣ, бунёди каналҳои обёрикунӣ, обшор намудану ба кор андохтани заминҳои лалмӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида мешуданд.
Бо сохта шудани нуқтаи радиошунавонӣ ахбори муҳим аз вазъи сиёсию иҷтимоии ҶШС Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба сокинони ноҳия пайваста шунавонида мешуд. Маданияти мардуми Ҳоит хеле баланд рафта буд, сабаби асосиаш дар он буд, ки сокинонаш пайваста барои тиҷорат, дарёфти ризқу рўзӣ ба шаҳрҳои калони Осиёи Миёна (Хӯқанд, Фарғона, Тошканд, Самарқанду Бухоро, Марв, Ашқобод ва ғайра) рафтуомад доштанд ва тамаддуни пешрафтаи мардуми кишварҳои Осиё ва Аврупоро меомўхтанд, нозукиҳои тамаддуни пешрафтаи онҳоро аз худ карда, дар ҳаёти худ мавриди истифода қарор дода буданд.
Ҳоити куҳан дар ҳақиқат ҳам ба як мулки афсонавӣ монанд буд, ки имрўз ҳам беҳтару хубтар рў ба инкишоф овардааст. Оғоз аз резишгоҳи пуртуғёни рўди Оби Кабуд ва аз тарафи мавзеи Ясманд чандин дарёчаҳо ба оби дарёи Ясманд аз деҳаҳои Ҳисорак то Санги Ҳуч 15 дарёча бо ҳам пайваста ҷорӣ шуда, ҷавлонзанон омада, ба оби дарёи Сурхоб мерезанд, ки як манзараи дилчаспу зебои афсонавиро ба вуҷуд овардаанд.
Заминларзаи мудҳиши 8–10 июли соли 1949, ки тибқи ҷадвали Рихтер 9-10 баллро ташкил медод, ба ноҳияи Ҳоит хисороти калони ҷонию молӣ расонида, беш аз 32 ҳазор сокинони он ба ҳалокат расида ва ё беному нишон гаштаанд. Бар асари он ин мавзеъҳои мафтункунанда ва чандин деҳаҳои обод харобу валангор гардиданд.
25 июли соли 1949 бо Фармони Президиуми Совети Олии Иттиҳоди Шўравӣ бо имзои К.Ворошилов ноҳияи Ҳоит барҳам дода шуд. Он ба ҳайати Қалъаи Лаби ҳамроҳ карда, ноҳияи Тоҷикобод номгузорӣ шуд. Мардуми азияткаши ин диёри зарардида ба водиҳои Вахшу Ҳисор ва дигар минтақаҳои мамлакат муҳоҷир карда шуданд.
Дар бораи таърихи ғамангези сокинони ноҳияи Ҳоит олимону коршиносони ватанӣ китобу мақолаҳои зиёде ба табъ расонидаанд. Пешниҳод мегардад, ки шахсони мутасаддии ҷамъияти «Эҳёи Ҳоит» бо дастгирии шахсони шоҳиди ин фоҷиаи таърихӣ метавонанд гузаштаи таърихро пурратар барои шиносоии насли оянда китобат кунанд.
Рушди минтақаи Ҳоит дар даврони Истиқлолияти давлатӣ
Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави Ҳоит корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Дар ду ҷамоати деҳоти Ҳоит ва Ясман 2032 оила бо шумораи беш аз 10 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагонии осоишта доранд. Барои хизматрасонии ин сокинон ва фарзандонашон 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 масҷиди ҷомеъ, 10 масҷиди панҷвақта, 18 мағозаи тиҷоратӣ, 1 маркази фарҳангӣ, 4 китобхона, 2 осиёби барқӣ фаъолият мекунанд.
Мулки Ҳоит кайҳост, ки бо чашмасору обшорон, кӯҳҳои осмонбӯс, захираҳои табиӣ, мавзеъҳои сарсабз ва гиёҳҳои шифобахшу овозадораш дили ҳар як бинандаро мафтун намуда, таваҷҷуҳи ҳам шаҳрвандони кишварамон ва ҳам сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Солҳост, ки дар ҳудуди минтақаи Ҳоит барои коркард ва истифодаи ангишти кушода барои корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии минтақа КВД КФ «Назарайлоқ» фаъолият дорад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин корхона ҳар сол 18–20 ҳазор тонна ангишт коркард мешавад. Мавриди зикр аст, ки кони Назарайлоқ ба гурўҳи конҳои нодири ангишти ҷаҳон дохил мешавад ва аз ин лиҳоз рушди коркарди маҷмӯии захираи ангишт талаботи махсуси техникию муҳандисиро тақозо менамояд. Аз рӯи маълумотҳои расмӣ, захираи умумии ангишти кони Назарайлоқ беш аз 540 млн. тоннаро ташкил медиҳад.
Дар шароити имрўза талабот ба ангишти Назарайлоқ дар бозори дохилӣ ва берунӣ хеле зиёд гардидааст. Тайи ду соли охир талаботи корхонаҳои сементбарорӣ, сехҳои Ширкати алюминии тоҷик ва корхонаҳои оҳангудозӣ ба антраксит, яъне ангишти Назарайлоқ эҳтиёҷоти зиёд доранд. Инчунин барои таъмини аҳолӣ бо барқ дар деҳаи Ярхич Неругоҳи барқи обии хурд ва чандин каналҳои обёрӣ ба кор андохта шудаанд.
Ноҳияҳои Раштонзамин, аз ҷумла дараи Ҳоит яке аз мавзеъҳои зебои сарзаминамон буда, бо доштани захираҳои бузурги зеризаминию табиӣ ва табиати мафтункунандаашон бояд ба макони ҳақиқии сайру саёҳат ва кўҳнавардии сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил дода шаванд Доштани чунин мавзеъҳои бою зебои табиӣ аз ҳамаи масъулини ноҳияҳо, инчунин аз ҳар як сокини деҳот, соҳибкорони маҳаллӣ тақозо мекунад, ки баҳри ташкил ва бунёди инфрасохтори сайёҳию кӯҳнавардӣ дар мавзеъҳои дилпазири ин водӣ ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ин гўшаи зебои ватанамон саҳми худро гузоранд.