Барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои «Ховар» фарҳанги шаҳрнишиниро баррасӣ менамояд

Август 20, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, солҳои 2017-2018 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорон, вазорату идораҳо зиёда аз 185 майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона ба истифода дода шудаанд, ки наврасон ҷавонон дар ин майдончаҳо машқҳои варзишӣ гузаронида, кӯдакон бо шодию нишот дар онҳо бозӣ мекунанд.

Дар маҷмӯъ, дар се соли охир дар шаҳри Душанбе 245 адад майдончаи варзишӣ ба истифода дода шудааст. Вале дар ин самт  якчанд масъалаи нигаронкунанда ва ҳалталаб ҷой доранд, ки бартараф кардани онҳо тақозои замон аст. Чаро сокинон нисбат ба ободию зебогии пойтахт беэътиноӣ зоҳир мекунанд?  Майдончаҳои варзишии назди биноҳои истиқоматӣ чанд сол ба сокинони кӯчаю маҳаллаҳо хизмат мекунанд?  Ҷиҳати вайрону корношоям гаштани таҷҳизоти бархе аз майдончаҳо кӣ гунаҳгор аст- масъулин, волидайн ё кӯдакону наврасон?

Шарҳи бештари мавзӯъро дар барномаи таҳлилии «Бозтоб»  аз радиои «Ховар» рӯйи мавҷи 101,5 Fm шунавед.

Барномаи таҳлилии «Бозтоб» 21 август, соати 09:30, такроран cоатҳои 17:30 ва 21:30 аз радиои «Ховар» пахш мегардад.  Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.

«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!

Август 20, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад