БЕТАРАФ МАБОШ! Суроғаи электронӣ ва телефони боварии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе фаъоланд, тариқи онҳо муроҷиат намо
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 19.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ва амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи суроғаи электронӣ (rvkddushanbe@mail.ru), телефони боварӣ (+99237) 221-15-00) ва саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» ба роҳ мондааст.
Тавре аз Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан метавонанд тавассути суроғаҳои зикршуда ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
«Аз ҷумла, чанд рӯз пеш шаҳрвандон бо ирсоли расмҳои қоидавайронкунии ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки мошинҳои худро дар ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ гузошта, ба ҳаракати бехатари дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасониданд, ба Раёсат муроҷиат намуданд. Ин муроҷиатҳо мавриди баррасии кормандон қарор дода шуд»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ба иттилои Раёсати мазкур, ин муроҷиатҳо тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт аз ҷониби шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нозирони роҳ дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида, фаъолияти як зумра ронандагони воситаҳои нақлиётро мавриди санҷиш қарор доданд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандагон — Хуршед Бабаяров (тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 2225 СС 01), Хуршед Назмов (тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0010 DK01) Раҷабалӣ Нуралиев (тамғаи Тайота-Кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 1200 НА 01), Толибов Илҳомиддин (тамғаи Хундай-Соларис, рақами қайди давлатиаш 0202 СТ 01), Абдуқаҳҳор Маликов (тамғаи Хундай – Саната, рақами қайди давлатиаш 5197 ТТ 05), Умед Маҳмудов (тамғаи Тайёта-Кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 5489 ТТ 05), Зафарҷон Собирҷонов, (тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 0110 МО 01) воситаҳои нақлиёти худро дар роҳи пиёдагузар ва дигар ҷойҳои мамнӯъ ба таври ғайриқонунӣ гузошта, ба ҳаракати шаҳрвандон ва дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намудаанд.
Ин амали ронандагон бо далелҳо исботи худро ёфтанд ва нисбати онҳо барои таваққуфи нодуруст тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки 13 август як нафар корбари шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо ирсоли наворе, ки дар он як нафар ҷавондухтар мавриди латукӯб қарор гирифтааст, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хостори андешидани тадбири қонунӣ нисбат ба ин ҳодиса гардид.
Зимни омӯзиши муроҷиати мазкур муайян шуд, ки баъди пахш гардидани ин навор дар сомонаҳои иҷтимоӣ корбарон онро маҳкум намуда, ҷавони қонуншиканро мавриди интиқоди шадид қарор додаанд.
Муроҷиати мазкур зери назорати бевоситаи роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор гирифта, нафари дар навор инъикосгардида муайян ва дастгир карда шуд.
Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ошкор гардид, ки ҷавони дар навор инъикосёфта шаҳрванд Некрӯзи Мазам, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи А.Ҷомӣ мебошад.
Худи гумонбар Некрӯзи Мазам иқрор шуд, ки дар ҳақиқат тақрибан миёнаҳои моҳи июн ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомӣ қарор доштанаш, дар назди мошини тамғаи «Хундай-Аксент», аломати қайди давлатиаш 8749 ТТ 05, ба як нафар ҷавондухтари шиносаш дарафтода, рафтори дағалона карда, бо суханҳои қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст ва як маротиба бо пояш задааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда- Некрӯзи Мазам бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) санади маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол гардид. Суд дар навбати худ 15 август нисбат ба Некрӯзи Мазам ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин намуд. Номбурда барои адои ҷазо ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар ш.Душанбе интиқол ёфта, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»









 
						


 БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба  Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба  Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо «БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Форуме, ки дар Кӯлоб  оилаҳои ҳунармандро ҷамъ овард
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Форуме, ки дар Кӯлоб  оилаҳои ҳунармандро ҷамъ овард Вазири адлияи Тоҷикистон дар Машварати 12-уми  вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар Машварати 12-уми  вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид «НУРИ ИСТИҚЛОЛ». Драмаи Ҷумъа Қуддус дар озмуни ҷумҳуриявии драмнависон сазовори ҷой якум дониста шуд
«НУРИ ИСТИҚЛОЛ». Драмаи Ҷумъа Қуддус дар озмуни ҷумҳуриявии драмнависон сазовори ҷой якум дониста шуд Дар Кӯлоб Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад
Дар Кӯлоб Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст? Дар Тоҷикистон таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар назар дошта шудааст
Дар Тоҷикистон таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар назар дошта шудааст РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд? Дар Душанбе масъалаи татбиқи Барнома оид ба меҳнати шоиста барои солҳои 2025–2026 баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи татбиқи Барнома оид ба меҳнати шоиста барои солҳои 2025–2026 баррасӣ гардид Соли равон  дар вилояти Суғд таъмир ва сохтмони беш аз 100 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст
Соли равон  дар вилояти Суғд таъмир ва сохтмони беш аз 100 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст 
									 
									 
									 
									 
									





