«БОЗ ОМАДААСТ ФАСЛИ ХОНИШ…». 1 сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ Рӯзи дониш таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ Рӯзи дониш таҷлил мегардад.
Ҳамасола дар кишвар 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил шуда, бо садо додани занги аввал оғози соли нави хониш эълон мегардад. Ва боз шеъри хеле машҳури Абдусалом Деҳотӣ «Эй булбулакони боғи дониш» баланд ва мутантан садо медиҳад:
Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак!
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мутобиқи банди 49-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва банди 11-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани вақти баргузории дарс» ба имзо расид.
Тибқи фармоиши мазкур, бо назардошти ба рӯзи истироҳат (якшанбе) рост омадани Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2019 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ рӯзи дарсӣ эълон гардида, 7 сентябри соли 2019 (шанбе) рӯзи истироҳат муқаррар гардидааст
Ҳамчунин тибқи ҳамин фармоиш ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, директорони мактабҳои президентӣ, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дастур дода шудааст, ки иштироки хонандагону донишҷӯёнро 1 сентябр ба дарс таъмин намоянд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






