Бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 19.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозии марказии даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ-ин рақобат миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба шумор мерафт. Гарчанде ки рақобати ин ду даста пуршиддат сурат гирифт, аммо мухлисон шоҳиди гол нашуданд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Ҳамин тавр бозии марказии даври мазкур бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дар бозии дигари даври 12-ум дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар хонааш дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 12-ум
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 2:0
Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 27 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 90+3 (2:0).
«Истиқлол» – «Кӯктош» – 0:0
КМВА «Помир» – «Хуҷанд» – 2:1
Голҳо: Давронҷон Эргашев, 28 (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 70 (1:1). Шодибек Ғаффоров, 88 (2:1).
«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:2
Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 26 (0:1). Наимҷон Иброҳимзода, 45+2 (0:2). Илҳомҷон Баротов, 69 (1:2).
Хотиррасон менамоем, ки ҳафтаи гузашта бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд. Аз чор бозӣ дар сетоаш меҳмонон ғалаба карданд. Дар ин вохӯриҳои ҷолиб дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан, КМВА «Помир»-и Душанбе бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар, «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз гардиданд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Панҷшер» бо «Кӯктош» бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Пас аз натиҷагирии даври ёздаҳум дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе зинаи охири ҷадвалро тарк карда, ҷояшро ба дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ супорид.
Даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои Лигаи олӣ:
«Истаравшан» – «Истиқлол» – 0:1
Гол: Алишер Ҷалилов, 45+3.
«Хатлон» – КМВА «Памир» – 0:1
Гол: Шервонӣ Мабатшоев, 56.
«Панҷшер» – «Кӯктош» – 1:1
Голҳо: Муҳиддин Одилов, 16 (0:1). Абдулатиф Тоҷиахмедов, 33 – аз пеналти (1:1).
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 0:1
Гол: Ҷаҳонгир Эргашев, 56 –аз пеналти.
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои Лигаи олӣ ин дастаҳо бо ҳам вомехӯранд:
24 август (шанбе)
Оғози бозиҳо соати 17:00
«Истиқлол» – «Хатлон»
«Истаравшан» – «Хуҷанд»
«Панҷшер» – КМВА «Помир»
«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






