Дар ҶДММ «Бозори Корвон» мулоқоти роҳбарияти «Тоҷикстандарт» бо соҳибкорону фурўшандагон баргузор гардид

Август 27, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастгирии соҳибкорӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон, тақвият додани ҳамкорӣ, риояи қоидаҳои савдо ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба бозори истеъмолӣ  27 август дар ҶДММ «Бозори Корвон» мулоқоти  роҳбарият ва масъулони Агентии «Тоҷикстандарт» бо соҳибкорону фурўшандагони  бозори мазкур доир гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» оид ба саҳми арзишманд доштани соҳибкорон дар пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ, дастгирии доимии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои амалӣ гардидани онҳо муҳайё будани ҳамаи имкониятҳоро таъкид намуда, сипас оид ба масъалаҳои риояи қоидаҳои савдо, бо либоси ягонаи корӣ пурра таъмин будани фурўшандагони нуқтаҳои савдо, истифодаи тамғаҳои молии дигар ширкатҳо, бе сертификати мутобиқат ба савдо баровардани маҳсулот, одоби муошират бо истеъмолкунандагон, дар даромадгоҳҳо, роҳравҳо ва ҷойҳое, ки барои савдо муқаррар нашудааст, ба савдо машғул нашудан, таъмин нагаштани иҷрои талаботи Стандарти давлатии «Хизматрасонӣ дар бозор» ва амсоли ин изҳори назар намуданд.

Дар самти риоя нашудани қоидаҳои савдо ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат, ки аксаран аз хориҷи мамлакат ворид мешаванд, аз ҷумла зикр гардид, ки албатта, ҷарима кардану ба ҷавобгарӣ кашидан роҳи ҳалли ин масъалаҳо нест. Мо бояд пеш аз ҳама, масъулиятшиносу боинсоф бошему талаботи савдоро риоя намоем ва дар охир манфиати шахсии худро аз манфиати ҷомеа болотар нагузорем.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои пешрафти Ватанамон ҳар яки мо бояд саҳмгузор бошему дар партави сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дили пок ва ҳисси баланди ватандӯстӣ  фаъолият намоем.

Зимни мулоқот бо соҳибкорон оид ба мушкилоти дар фаъолият ҷойдошта, тақвият додани ҳамкорӣ бо мақомот, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи бозори истеъмолӣ, муносибати нозирони давлатӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта суҳбати ошкоро доир гардида, соҳибкорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Иқдоми мазкур барои ба низом даровардани вазъи бозору нуқтаҳои савдо, таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд.

Август 27, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад