Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён иттилоъ дод, дар кори ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок доштанд.
Кори ҷаласаро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо оғоз бахшида, тибқи барномаи ҷаласа дар он як қатор масъалаҳои вобаста ба ҳамоҳангии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои иттиҳод баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир изҳори нигаронӣ намуда, дар самти боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ изҳори назар намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Шӯрои сарони кишварҳои иттиҳод иштирокчиёни он роҳҳои иҷроиши Консепсияи муносибатҳои низомии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои то соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Инчунин вобаста ба баргузорӣ ва натиҷагирии машқҳои муштарак, тақвияти таҷрибаи гузаронидани амалиёти зиддиминаҳо, густариш додани системаи муттаҳида дар соҳаи кимёвӣ ва биологӣ, дар бораи таъмини Воситаҳои иттилоотии топагиодезӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дигар масоил мароқ зоҳир намуданд.
Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои мусаллаҳи аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил наздики 20 масъала дар доираи барномаи баргузории ҷаласаи мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба натиҷаҳои он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






