Дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» беш аз 40 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар фарҷоми Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019», ки давоми ду рӯз дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, бештар аз 40 санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ ба имзо расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин созишномаҳоро асосан ниҳодҳои марбутаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои марбутаи байналмилалӣ, мақомоти дахлдори кишварҳои алоҳида ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ имзо намуданд.
«Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи сайёҳии Анталия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии сайёҳии саргузаштӣ ва тиҷоратӣ (ATTA) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нейшинал Ҷиографии (Британияи Кабир) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи байналмилалии тиҷоратии сайёҳии Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои ба имзорасида мебошанд», — илова намуд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки маҷмӯи ҳуҷҷатҳои имзошуда паҳлуҳои гуногуни бахши сайёҳиро фаро гирифта, доираи ҳамкории байналмилалиро васеъ мегардонанд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки ин гуна форумҳо табодули таҷрибаро дар бахши сайёҳӣ бештар намуда, ҳамзамон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ месозанд. Доираи ҳамкориро бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои марбутаи байналмилалӣ тавсеа мебахшанд. Ҳамин аст, ки Форуми навбатӣ ҳам барои ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои зиёди ҳамкорӣ шароит фароҳам овард. Умед аст, ки созишномаҳои мазкур робитаҳои хориҷиро дар бахши сайёҳӣ ба сатҳи сифатан хоҳад баровард.
Ҳамчунин, бо назардошти масъалаҳои дар Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баррасишуда, фикру мулоҳизаҳои иброзгардида ва хулосаҳои ҷамъбастӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тавсияҳои мушаххаси зерин пешниҳод карда шуданд:
- Ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ Созмонии ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO), Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF), Машварат ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди давлатҳои мустақил (CIS), Бонки ҷаҳонӣ (WB), Бонкии осиёгии рушд (ADB), Иттиҳоди Аврпуо (EU), Барномаи ҳамкории байналмилалии ИМА (USAID), Агнетии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (TICA) ва дигарон дар самти сармоягузориҳо ба рушди нерӯи зеҳнӣ, сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтор, мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ, такмили омор, омӯзиши иқтидори сайёҳӣ, таъмини инноватсияи рушди сайёҳӣ, ташкили омӯзишии таҷрибаи хориҷӣ, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар густариш ва тақвият дода мешаванд.
- Роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон пайваста дар форумҳои сармоягузории ватанию хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
- Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ имкониятҳои бахши хусусӣ ва шарикони рушд самаранок истифода бурда шаванд.
- Обҳои шифобахш, гиёҳҳо ва иқтидорҳои табобатии кишвар бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ васеъ тарғибу ташвиқ карда мешавад.
- Афзалиятҳо ва бартариятҳои сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон объектҳои сайёҳӣ ва табобатӣ барои инкишофи саёҳат ва солимгардонӣ самаранок истифода бурда шавад.
- Бахшҳои ҳунармандӣ эҳё гардида, дар ин самт армуғонҳои ҷолиби сайёҳӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад.
- Истифодаи самараноки имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ миёни аҳолии кишвар васеъ тарғиб карда шуда, маҳсулотҳои дастӣ ва ҷалби бештари сайёҳон барои харидории маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ таъмин карда шавад.
- Роҳҳои афзоиши пешниҳоди маҳсулоти ҳунармандон ба бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет таъмин карда шуда, сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти дастии ватанӣ баланд бардошта шавад.
- Феҳристи ягонаи субъектҳои фаъолияти ҳунармандии Тоҷикистон таҳия карда шавад.
- Дастгирии давлатӣ дар фаъолияти сайёҳӣ ва ҳунармандӣ тавассути имтиёзҳои андозию гумрукӣ бештар ба роҳ монда шавад.
- Саҳми шарикони рушд дар пешбурд ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус татбиқи амалии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷоннок карда шавад.
- Заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, марҳила ба марҳила мустаҳкам гардонида шуда, меъёрҳои байналмилалии стандартикунонӣ, сертификатсия ва муосиргардонии сатҳи хизматӣ ҷорӣ карда мешавад.













Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: «Истихроҷи нафт дар мамлакат афзоиш ёфтааст»
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот» таҳия карда шуд
Аз Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 аз Тоҷикистон ба 64 давлати ҷаҳон молу маҳсулот содирот гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи об Шурои миллии об таъсис дода шуд
НИЗОМИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Аз 1 июли соли 2026 истифодаи ҳатмии рамзи ягона барои соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ мегардад
Роҳи оҳани Тоҷикистон соли 2025 беш аз 7,4 миллион тонна бор ва зиёда аз 456 ҳазор мусофир интиқол додааст
«Тоҷик Эйр» тавассути лизинги молиявӣ ду ҳавопаймои «Airbus» харидорӣ менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
Дар Тоҷикистон 95,1 фоизи борҳо ва 99,8 фоизи мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақл мешаванд






