Дар саҳроҳои Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии «тиллои сафед» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 август дар хоҷагиҳои пунбакори мамлакат ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид.
Тавре сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Набизода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Шаҳритус, Н. Хусрав, Ҷайҳун ва Қубодиён ҷамъоварии пахта оғоз гардидааст.
Ҳамчунин мавсуф афзуд, ки соли гузашта чиниши пахта аз 5 август оғоз гардида буд, вале имсол бо сабаби сербориш омадани баҳор ҷамъоварии пахта дертар шурӯъ гардид.
Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 186 811 гектар кишти чигит гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1691 гектар зиёд мебошад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта ҳосилнокии пахта дар мамлакат нисбат ба соли 2017 кам гардид. Як сабаби кам гардидани ҳосилнокиро дар бисёр ноҳияҳо ба он рабт доданд, ки хоҷагиҳо озуқаро дертар дастрас карданд.
Ба гуфтаи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоло пахта дар саҳро хуб нашъу намо дорад. Аз ин рӯ кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили рӯёнида аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъоварии пахта то моҳҳои ноябр ва дар сурати дертар боридани барфу борон дар баъзе ноҳияҳои ҷануби мамлакат то моҳи декабр идома меёбад.








Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






