Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи X байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид

Август 23, 2019 22:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 23 августи соли равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии X-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 17-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маврид шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар медиҳад. 

Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам варзишгарон ва иштирокчиёнро таҳният гуфта, барояшон дар рақобатҳо барор хостанд.

Лутфия Абдухолиқзода аз ҷумла қайд кард, ки имрӯз дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон басо рамзӣ мебошад, зеро варзиш яке аз самтҳои афзалияноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат маҳсуб мегардад.

Албатта, нақш ва ҷойгоҳи Пешвои муаззами миллат дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ифодакунандаи сиёсати мантиқии давлату ҳукумат ба таҳкими ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, ки маҳаки асосии онро солимии миллат, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва тарғиби идеяи миллати солим ташкил медиҳад, асос меёбад.

Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи олии мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи варзиши кишвар ва ҷаҳон, инчунин таҳкими ҳаракати олимпии дунё мебошад. Тавре борҳо Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: «Миллати ҷисман солим рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад» ё «Варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ кардани давлату миллат мебошад».

Дар ин замина, бо мақсади рушди теннис дар ҷумҳурӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2005, №1535 нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Баъдан дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006, №340 ҳамасола рӯзҳои 23-27 август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи мазкур баргузор мешавад, ки имсол мо даҳсолагии онро якҷо бо Шумо таҷлил намуда истодаем.

Дар заминаи мусобиқаи мазкур, аз соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тақвими Федератсияи байналмилалии теннис мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис «Tajikistan Open» ва «Tajikistan tennis Federation Cup» доир мегарданд, ки ба рушди бемайлони ин намуди зебои варзиш мусоидат мекунад.

Аҳтам Абдуллозода зимни баромадаш меҳмононро аз 9 давлати дунё ба Тоҷикистони азиз хайрамақдам гуфта, афзуд, ки маҳз зери роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ҳар сол баргузории 2 мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис ва дзюдо, Ниммарафони байналмилалии Душанбе, мусобиқаҳои квалификатсионӣ оид ба теннис, оғози баргузории Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот, баргузории машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ҳар рӯзи шанбе бозгӯии олии таҳкими солимии ҷомеа, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди ҳаракати олимпии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Боварии комил дорам, ки мусобиқаи имсола низ дар замири варзишгарони навраси 10 давлати дунё дӯстиву рафоқат, якдиливу ҳамбастагӣ ва чеҳраҳои нави варзиши теннисро ба арсаи байналмилалӣ муайян ва пешкаш менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи имсола варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Беларус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Федератсияи Россия ва Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико ширкат менамоянд. Ҷумҳурии моро 12 варзишгар (6 писар, 6 духтар) намояндагӣ мекунанд. Қувваозмоиҳо дар корти тенниси «Роҳи оҳан» доир мегарданд. Ғолибон бо 1000 доллари ИМА, барандагони ҷои дуюм бо 800 доллар ва ҷои сеюм бо 500 доллари ИМА қадрдонӣ мегарданд.

Август 23, 2019 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд