Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ ду бозии рафиқона анҷом медиҳад

Август 5, 2019 15:40

ДУШАНБЕ, 05.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон   барои доир кардани ду бозии рафиқона бо дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 имрӯз, 5 август  ба шаҳри Таиф сафарбар гардид.

Бозиҳои мазкур байни ин  дастаҳо  7 ва 9 август баргузор мешаванд.  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.  

Тибқи иттилои манбаъ, дастаи  мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ чанде қабл ғолиби Чемпионати Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ (WAFF) гардида буд, ки 1-11 июли соли 2019  дар Урдун доир гашт. Дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри Душанбе ғолиби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)- 2019 шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи  футболи мунтахаби наврасони  Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» ҳамроҳ бо дастаҳои  мунтахаби наврасони  Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ 14-22 сентябри соли равон  дар Урдун баргузор мешаванд.

 

Август 5, 2019 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад