Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон медалҳои нуқраи Ҷоми Президенти Қазоқистонро соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки 28 август дар шаҳри Нур-Султон ба анҷом расид, мақоми дуюмро касб намуда, барандаи медалҳои нуқра гардид. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ аз дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Қазоқистон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Футболбозони навраси тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки бори дувоздаҳум доир гардид, бар ҳамсолонашон аз Арманистон ва Қазоқистон бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғолиб омада, дар гурӯҳи худ мақоми аввал касб намуда буданд.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон барои ҷойи дуюм ба ҷуз аз медалҳои нуқра бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 000 доллари ИМА сарфароз гардид. Дастаи ғолиб – дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) — бо медалҳои тилло ва 7 000 доллари ИМА мукофотонида шуд. Ба дастаи мунтахаби наврасони Литва (U-17), ки ҷойи сеюмро гирифт, медалҳои биринҷӣ ва 3 000 доллари ИМА тақдим гардид.
Бозингари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ аз рӯи натиҷагирии мусобиқа бо ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгари Ҷоми Президенти Қазоқистон сарфароз гашт.
Ҷоми Президенти Қазоқистон-2019
Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
Арманистон (U-17) – Қирғизистон (U-16) – 2:1
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Қазоқистон (U-16) – Литва (U-17) – 2:3
Финал
Қазоқистон (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 3:0
26 август дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Президенти Қазоқистон ба пирӯзии нав соҳиб шуд. Дар бозии дуюми гурӯҳи «В» шогирдони Аҳлиддин Турдиев дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда буд. Аз ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон голҳоро Раҳматшо Раҳматзода ва Муҳаммадворис Сайдалиев ба нишон расонида, пирӯзии дастаашонро таъмин намуданд.
Хотиррасон мекунем, ки дар даври якум дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаи мунтахаби наврасони Арманистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд.
Ҷоми Президенти Қазоқистон-2019
Гурӯҳи «В»
Бозиҳои даври дуюм
Қазоқистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2
Голҳои Тоҷикистон: Раҳматшо Раҳматзода, Муҳаммадворис Сайдалиев
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалини худро дар Ҷоми Президенти Қазоқистон бо ғалаба оғоз карда буд. Рақиби футболбозони навраси тоҷик дар ин давр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Арманистон ба ҳисоб мерафт. Дар ин вохӯрии ҷолиб бозингарони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бартарӣ доштанд, вале ҳисоби бозиро кушода натавонистанд.
Дар оғози қисмати дуюми сабқат футболбозони ҷавони арманӣ пешсаф шуданд. Баъдан Аҳлиддин Тӯрдиев Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсуддиновро ба майдон ворид намуд. Маҳз ҳамин тағйирот бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар идомаи рақобат пурқувват кард. Зимни бозии минбаъда ҳар ду футболбоз ба дарвозаи ҳариф якголӣ зада, пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро таъмин намуданд.
Гурӯҳи «В»
Бозиҳои даври якум
Арманистон (U-17) – Қазоқистон (U-16) – 2:2
Тоҷикистон (U-16) – Арманистон (U-17) – 2:1
Голҳои Тоҷикистонро: Сунатулло Азизов, Муҷовид Шовайсуддинов.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад






