ФАВТИ МОДАРОНУ КӮДАКОН ДАР ТОҶИКИСТОН КОҲИШ ЁФТААСТ. Роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зимни як ҳамоиш дар Душанбе чунин хабар расонд ва ба татбиқи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» оғоз бахшид
ДУШАНБЕ, 09.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба оғози татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» ҳамоиш доир гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар” Холисаи АСОМИДДИН.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиш Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, роҳбари Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парадип Сривастава, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марте Эверард ва дигар намояндагони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимзода, минҷумла, чунин зикр намуд: “Таҷриба нишон дод, ки ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд тариқи амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи тандурустӣ торафт бештар тақвият меёбад ва натиҷаҳои мусбат ба бор меорад. Аз ҳама муҳимаш, татбиқи ин лоиҳаҳо ба рушди соҳа ва беҳдошти саломатии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидати менамояд”.
Ба гуфтаи Вазир, тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 августи соли 2010 «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» қабул гардид, ки яке аз самтҳои асосии муайянкунадаи соҳаи тандурустӣ мебошад. Он дар чор самт: хизматрасонии тиббӣ, захираҳои инсонӣ, маблағгузорӣ ва идоракунии тандурустӣ равона шуда, ҳар сол дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони соҳа ҷамъбаст гардида, пешниҳод, мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо дар ҳамин ҷаласа баррасӣ мешаванд.
“Яке аз самтҳои асосие, ки дар стратегия омадааст, паст кардани фавти модарону кӯдакон мебошад. Дар иртибот ба ин кори бақайдгирии саривақтии занони ҳомила беҳтар гардонида шуд, дастрасии маводҳои контрасевтивӣ ба занҳо ҷиҳати ба танзим даровардани оила бештар шуд. Ин тадбирҳо боиси он гардиданд, ки ки сол ба сол фавти модару кӯдак дар кишвар кам гашта мегардад.
Роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марте Эверард низ бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки «шурӯъ аз соли 2015 дар ҷаҳон фавти модарону кӯдакон кохиш ёфтааст. Дар Тоҷикистон низ коҳиш ёфтани фавти тифлони навзод ва кӯдакони то 5-сола ба назар мерасад”.
Бино ба маълумоти М. Эверард, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои назаррас ҷиҳати паст кардани камғизоӣ дар байни кӯдакон дида мешавад: сатҳи он аз 26 то 17 фоиз паст фаромадааст. “Бояд гуфт, ки саҳмгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ муҳим буда, ба ин самт бояд пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Зеро солимии модару кӯдак ин боигарии давлату ҳукумат аст”, — хулоса намуд роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марте Эверард.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» (гранти Бонки осиёии рушд 0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 тасдиқ гардидааст. Амалисозии лоиҳа аз 29 март оғоз ёфта, то 31 августи соли 2025 идома меёбад.
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯӣ дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии лоиҳа 35,2 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, аз ин миқдор 3,2 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.









Кумаки молиявии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба модари Қобилҷон Алиев
Туҳфаҳои идонаи Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Муъминобод расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шаҳритус кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
АЗ ТОҶИКТА ТО АМИТ «ХОВАР». «Ховар» манбаи расмии иттилоот ва тарғибгари дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба кӯдакони Мактаб-интернати ноҳияи Балҷувон расонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 барои Тоҷикистони маҳбуб соли бобарору таърихӣ буд»
Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Ашт расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Темурмалик расонида шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба хонандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан тақдим гардиданд






