ФУТБОЛ: «Истиқлол» бар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ҷавобии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор рақобат кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, бозии дастаҳо дар майдони Марказии шаҳри Душанбе хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби калони 7:1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе хотима ёфт.
Ҳамин тавр, аз натиҷаи ду вохӯрӣ дастаи «Истиқлол»- и Душанбе бо ҳисоби калони 14:3 пирӯз шуда, ба даври ¼- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.
Ҷоми Тоҷикистон. Даври 1/8- ниҳоӣ. Бозии ҷавобӣ.
«Барқчӣ» — «Истиқлол» — 1:7
Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 1 (0:1). Шаҳром Самиев, 14 (0:2).Тоҳир Малодустов, 17 (1:2), Шаҳром Самиев, 26 (1:3). Эҳсони Панҷшанбе, 42 (1:4). Алексей Ларин, 51 (1:5). Шериддин Бобоев, 71 (1:6). Салам Ашурмамадов, 85 (1:7).
«Барқчӣ» (Ҳисор): Рустамҷон Давлатов (Азизҷон Ғоибов, 87), Шоҳрух Каюмов (Фарҳод Бобохонов, 46) , Шодиев Беҳзод, Зуҳриддин Фузайлов, Фирӯзҷон Бобоназаров, Умедҷон Рамазонов (Алишер Раҳимов, 67), Муҳаммадҷон Ризомов, Шерзод Дадабоев (Амриддин Худоёров, 88), Файзиддин Назаров, Тоҳир Малодустов, Абдуллоҷони Қурбоналӣ.
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сорбон Ғиёсов (Хуршед-Тимур Ҷураев, 46), Зоир, Ҷурабоев Алексей Ларин, Табрези Давлатмир, Ҷамшед Раҳмонов, Шаҳром Сулаймонов, Саидмухтор Азимов, Эҳсони Панҷшанбе (Муҳаммад Ҳакимзода, 64), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (Салам Ашурмамадов, 57).
Бозии аввал — 2:7








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






