Германия барои татбиқи лоиҳаҳои тақвияти рушди деҳот ва бунёди НБО «Себзор» 27 миллион евро ҷудо менамояд

Август 3, 2019 10:47

ДУШАНБЕ, 03.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия барои амалигардонии лоиҳаҳои «Тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи заминҳои мутобиқгардонидашуда ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ», инчунин татбиқи лоиҳаи «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» 27 миллион евро ҷудо менамояд. Дар робита ба ин дирӯз байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федеративии Германия Созишнома оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019 ба имзо расид.

Созишномаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия Найтхарт Хёфер-Виссинг имзо намуданд.

Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои об ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ин маблағ 17 млн. евро гранти он барои татбиқи лоиҳаи «Бунёди НБО «Себзор» пешбинӣ гардидааст.

Ба маълумоти манбаъ, 28-29 майи соли равон бо Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба лоиҳаи «Барқтаъминкунии деҳаҳои наздисарҳадии ВМКБ ва Хатлон» музокирот баргузор гардид. Дар доираи он Бонки ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани иқтидори содиротии НБО «Себзор» ҷиҳати омода намудани Асосоноккунии техникию иқтисодии бунёди хати интиқоли барқи «Хоруғ-Ишкошим»  1,4 млн. доллари ИМА  грант пешбинӣ намудааст. Дар баробари ин, барои татбиқи лоиҳаи «Бунёди НБО «Себзор» аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) низ маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди устувори деҳот, энергияи сабз ва  паст намудани сатҳи камбизоатии сокинони ноҳияи дурдасти Тоҷикистон, дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъа дар масофаи 15 километр дар қисми шарқии шаҳри Хоруғ Неругоҳи барқии обии  «Себзор» бунёд мешавад. Баъди ба кор даровардани неругоҳ то 60 нафар кадрҳои соҳибихтисоси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд. Дар доираи амалишавии он тахминан 220 ҳазор нафар аҳолӣ бо неруи барқ таъмин хоҳанд шуд. Ҳамзамон шароит ба миён меояд, ки неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли 2015 дар деҳаи Барҷангали ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии НБО «Себзор» оғоз бахшиданд.

Лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 мегаватт бо истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои барқии хурд дар давраи солҳои 2009-2020» ба нақша гирифта шудааст. Барои сохтмони неругоҳ беш аз 180 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бо сохтмони НБО «Себзор» бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 киловолтаи «Себзор — Хоруғ» бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин минбаъд боиси баланд шудани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад гашт.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ
«Ховар»

Август 3, 2019 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид