ҲХДТ ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассир дорад

Август 30, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 30.08.2019./АМИТ «Ховар»/. «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ»-таҳти чунин унвон  бахшида ба 28 – умин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид.

Дар кори он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии  дастгоҳи  Кумитаи  Иҷроияи Марказии ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, дотсенти кафедраи равандҳои сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хуҷамурод Сафарализода ва кормандони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур З. Гулаҳмадзода ҳамоишро ифтитоҳ бахшид.

Сипас, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат сухан карда,  ёдовар шуд, ки «дар даврони 28 соли соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат густариш ёфта, рушди босуръати иқтисоди миллӣ ба амал омад. Ҳамзамон сатҳи зиндагии мардум хеле беҳтар гардид, ки ин аз шарофати Истиқлолияти сартосарӣ ва оромии кишвари азизамон гувоҳӣ медиҳад».

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода дар мавзўи «Нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» зикр кард, ки бо таваҷҷуҳ ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрўз бо сароҳат метавон афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути ҳидоятҳои ибратомўзи Сарвари соҳибфитрату накўсиришташ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру мондагор дорад.

«Воқеан ҳам, тавассути Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби арзишҳои ноби миллӣ гардида, мутобиқи Конститутсия роҳи бунёди ҷомеаи демократиро интихоб намуд. ҲХДТ ҳамчун зодаи даврони истиқлолият дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои он нақши муассир дорад. ҲХДТ дар заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муттаҳидсозии ҳамдигар, тақвияти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқро ба инобат гирифта, вобаста ба талабу тақозои ҷаҳони муосир муҳимтарин нақшаву барнома ва стратегияҳои миллии ояндадорро рўйи даст гирифтааст»,-гуфт номбурда.

Дар конференсия Р. Наимов ва Х.Сафарилозод дар мавзӯъҳои «Истиқлолият – дастоварди беназири миллат», «Истиқлолияти давлатӣ – бақои давлату миллат ва такягоҳи устувори ҷомеа» маърўза намуданд.

Зикр шуд, ки ҳизбиёни пойтахтро зарур аст, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир гардидани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби васеи моҳияти ин санаи нодир ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ тадбирҳои зиёде ба иҷро расонида, раванди корҳои созандагиву бунёдкориро боз ҳам вусъати тоза бахшанд.

Август 30, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид