ИҚДОМИ ҚОБИЛИ ДАСТГИРӢ. Сито Қосимӣ барои духтарони афғон мактаб месозад
ДУШАНБЕ, 05.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Овозхони шинохтаи афғон Сито Қосимӣ тасмим гирифтааст, ки барои духтарони як минтақаи дурдасти Афғонистон мактаб бунёд намояд. Сито Қосимӣ ва вазири маорифи Афғонистон Мирвайс Балхӣ 3-юми августи соли ҷорӣ дар ин хусус қарордод ба имзо расонидаанд.
Тибқи қарордод овозхон аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ барои бунёди як мактаби наву замонавӣ барои духтарони афғон 100 ҳазор доллар сармоягузорӣ кардааст.
Мирвайс Балхӣ ба овозхон изҳори сипос карда, дигар ашхоси машҳурро низ ба ин кор ҷалб кардааст, то аз чунин иқдомҳои нек дастгирӣ кунанд. Зеро дар чунин шароит давлату Ҳукумат танҳо аз ӯҳдаи ҳамаи корҳо баромада наметавонанд.
Пас аз бунёди мактаб хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки аз синфи як то дувоздаҳ таҳсил намоянд. Қарор аст, мактаби бунёдшаванда ба яке аз бузургтарин муассисаҳои таълимӣ табдил дода шавад.
Сито Қосимӣ худ дар оилаи камбизоат ба воя расидааст ва ба ҳамин хотир мехоҳад барои фарзандони дигарон шароити таҳсил фароҳам орад. Ин иқдоми овозхонро ҷомеаи Афғонистон ҷонибдорӣ карда, ба ӯ изҳори миннатдорӣ кардаанд.
Хотиррасон менамоем, ки қаблан ҳунарманди маъруфи афғон Сито Қоисмӣ дар як суҳбат бо шабакаи телевизиони Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки орзу дорад, кишвараш мисли Тоҷикистон пур аз хушиву дур аз ғамҳо бошад ва умед мекунад, ки рӯзе дар Афғонистон сулҳи комил ва сартосарӣ ба даст меояд.









Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»






