Кумитаи андоз ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо сертификати имзои электронии рақамиро ройгон ба роҳ монд
ДУШАНБЕ, 2.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 майи соли равон дар ҷумҳурӣ ба даст овардани сертификати имзои электронии рақамӣ ройгон ба роҳ монда шуд.
Он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ бармеоянд, роҳандозӣ шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти мақомот барои ба раванди гузариши андозсупорандагон ба тартиби пешниҳоди электронии эъломияҳо тақвият бахшидан равона шудааст. Дар ин бора имрӯз муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд.
«Дар айни замон зиёда аз 94,0 ҳазор субъектҳои хоҷагидор (85% шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатнома амалкунанда (ба истиснои хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ) эъломияҳои худро бо ин тартиб ба мақомоти андоз пешниҳод намуда истодаанд. Илова бар ин, ба зиёда аз 102 ҳазор нафар (100%) соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият намуда, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ андозҳоро бо маблағи устувор пардохт менамоянд, оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо аз соли 2013 тариқи электронӣ хизмат расонида мешавад»,-гуфт муовини аввали Раиси Кумитаи андоз.
Ба маълумоти номбурда, то имрӯз дар маҷмӯъ зиёда аз 196 ҳазор андозсупорандагон аз тартиби мазкур истифода мебаранд ва барои ба ин тартиб гузаронидани андозсупорандагони боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.
Муовини аввали Раиси кумита инчунин зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва боз ҳам сода ва сабук гардонидани ҷараёни андозсупорӣ зиёда аз 20 адад модулҳо ва зермодулҳои нави компютерӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки иҷрои уҳдадории андозро аз ҷониби андозсупорандагон осон, алоқаи бевоситаи андозсупорандагонро бо кормандони мақомоти андоз кам ва дар ин замина ба миён омадани омилҳои коррупсиониро маҳдуд менамоянд.
Инчунин аз оғози моҳи феврали соли 2019 модули таҷдидшудаи компютерии “Утоқи шахсии андозсупоранда” таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Ба ғайр аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин барои шахсони воқеӣ низ имконияти пайваст шудан ба ин модул фароҳам оварда шуда, имрўзҳо аз хизматрасонии электронии мазкур зиёда аз 250 ҳазор нафар шахсони воқеӣ истифода мебаранд.
Аюбҷон Солеҳзода дар бораи портали алоҳидаи хизматрасонӣ, ки аз 1 июни соли 2019 мавриди истифода қарор гирифт, маълумот дода, иброз намуд, ки дар доираи он 36 намуди хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар шакли электронӣ пешниҳод шуда истодааст.
Тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ, шумораи субъектҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ тайи солҳои охир тамоюли афзоиш дошта, то 1 июли соли 2019 шумораи умумии андозсупорандагон 323,0 ҳазор ададро ташкил додааст. Ин нисбат ба 1 январи соли 2019 дар маҷмӯъ 7,0 ҳазор адад зиёд мебошад.
Дар нимсолаи аввал зиёда аз 10 600 нафар шаҳрвандон барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ ба тариқи электронӣ муроҷиат намудаанд. Дар айни замон масъулин ҷиҳати васеъ намудани истифодаи ин намуди хизматрасонӣ кор бурда истодаанд.








Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад
«МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе масъалаҳои муқовимат ба ин зуҳурот ва дастгирии соҳибкорӣ баррасӣ шуданд
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025» баргузор гардид
ШУРОИ МИЛЛИИ ОБ. Он ба истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
Барои коркарди ҳиссаи бештари нахи пахта дар Тоҷикистон ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ чӣ бояд кард? Шарҳи коршиносон
Имрӯз таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Файзиддин Қаҳҳорзода дар Риёз дар ҷаласа доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимӣ ва устуворӣ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд






