Кумитаи рушди сайёҳӣ силсилаи озмунҳои ҷумҳуриявиро дар соҳаи сайёҳӣ эълон менамояд

Август 21, 2019 13:26

ДУШАНБЕ, 21.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри боз ҳам равнақу ривоҷ ёфтани он, инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, муаррифии миллату давлати тоҷикон ба ҷаҳониён ва татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 миёни ҳунармандон, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявиро эълон менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, чунин озмунҳо доир карда мешаванд:

  • Озмун дар байни ҳунармандони кишвар оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва савғотии беҳтарин ба сайёҳон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ;
  • «Мақолаи беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ»;
  • «Таҳияи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорӣ».

Манбаъ афзуд, ки яке аз ҳадафҳои озмун миёни ҳунармандони кишвар таҳияи армуғони арзанда бо истифода аз рамзи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, мавзеъҳои сайёҳии «Ҳулбук», «Чилдухтарон» ва «Сари Хосор» мебошад.

Муҳлати қабули маводҳо  — то 1 декабри соли 2019.

Суроға барои қабули маводҳо: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 78,. Инчунин, тариқи телефони (8 37) 2278481, 2278790 метавонед маълумоти муфассал ба даст оред.

Август 21, 2019 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд