Созмони Умумиҷаҳонии Савдо огоҳиномаи ирсолнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд

Август 30, 2019 15:36

ДУШАНБЕ, 30.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Тайи як соли охир Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) пайваста корбарӣ намуда, бо назардошти зиёд намудани манфиатҳои иқтисодии давлат ва риояи талаботи СУС огоҳиномаи уҳдадориҳои категорияҳои “В” ва “С”-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби СУС қабул гардид.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 14-16 августи соли 2018 Вазорат бо кумаки техникии Маркази байналмилалии савдо (МБС) оид ба «Афзалиятдиҳии доимӣ ва стратегияи татбиқи Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо» семинари миллӣ баргузор намуд, ки зимни он категорияҳои “А”, “В” ва “С” ба иштирокчиён пешкаш гардид. Дар натиҷа уҳдадориҳои содагардонии расмиёти савдо аз нав бозбинӣ шуданд.

Натиҷаи семинари мазкур дар ҷараёни ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо 21 декабри соли 2018 бо назардошти эроду пешниҳодҳои вазорату идораҳо (аъзои Кумита) бо супориши дахлдор тасдиқ гардид.

Инчунин ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо З. Завқизода ба шаҳри Женеваи Швейтсария сафар кард, ки дар доираи он татбиқи уҳдадориҳо дар самти содагардонии расмиёти савдо ва пешниҳоди огоҳиномаи категорияҳои “В” ва “С” баррасӣ гардиданд.

Дар натиҷа огоҳиномаи ирсолнамудаи уҳдадориҳои категорияҳои “В” ва “С”12 августи соли равон дар сомонаҳои расмии СУС (www.wto.org ва www.tfadatabase.org) ҷойгир карда шуд.

Зикр бояд кард, ки категорияи “В” вақти иловагӣ ва категорияи “С” вақти иловагӣ ва ҳам кумаки молиявию техникии шарикони рушдро дар бар мегирад.

Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳои категорияҳои “В” ва “С” аз шарикони рушд кумакҳои молиявию техникӣ ҷалб намояд.

 

Август 30, 2019 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид