ТЕННИС. Варзишгарони 10 давлат барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон талош меварзанд

Август 21, 2019 08:39

ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мусобиқаи X байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 17-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23-27 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштироки теннисбозони 10 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи мазкур, ки дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир мешавад, иштироки варзишгарон аз Афғонистон, Беларус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Россия ва ИМА дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Қувваозмоиҳо дар корти тенниси “Роҳи оҳан” доир мегарданд.

Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон cоли даҳум аст, ки бо мақсади муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон баргузор мешавад.

Мусобиқа 4 рӯз дар ҳайати инфиродӣ ва даставӣ миёни писарону духтарон идома ёфта, дар ҷамъбаст ба ғолибони ҷойи якум 1000 доллари ИМА, ҷойи дуюм — 800 доллари ИМА ва ҷойи сеюм — 500 доллари ИМА ҷоизапулӣ тақдим мегардад.

Август 21, 2019 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад