Тоҷикистон ва Япония фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов 1 август ба музофоти Гифуи Япония сафари корӣ анҷом дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи сафари мазкур мулоқоти Сафир бо ноиби Губернатори музофот Таканори Каваӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо рағбати худро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун баён карданд.
Инчунин 1 август Мирзошариф Ҷалолов бо муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Гифу Йеиҷи Ямада мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои тиҷорат ва саноат табодули назар намуда, масъалаҳои вобаста ба имконияти барқарории ҳамкории мустақим миёни соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Японияро баррасӣ намуданд.









Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд






