Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28–умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб
11.09.2019, шаҳри Кӯлоб Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони шарафманди шаҳри Кӯлоб! Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли сокинони бонангу номус, далеру қавиирода ва сарбаланду боҳиммати шаҳри бостонии Кӯлоб ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон – 28 солагии