ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ду деҳаи дурдасти ноҳияи Мастчоҳ муассисаҳои таълимӣ бунёд шуданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду деҳаи дурдасти ноҳияи Мастчоҳ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, дар деҳаи дурдасти Сангчашмаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ мактаби замонавӣ барои 240 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин боргоҳи маърифат, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 мебошад, дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ сохта шуд.
Ҳамчунин дар деҳаи дурдасти Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бинои мактаби замонавӣ – филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 мавриди истифода қарор гирифт. Бинои муассисаи таълимии №5 дар деҳаи Файзобод ба ҷойи бинои қаблии садамавӣ дар муддати кӯтоҳ бо харҷи беш аз 700 000 сомонӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ба истифодадиҳии муаассисаҳои нави таълимӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймаҳмадзода иштирок намуданд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ Илҳомҷон Оймаҳмадзода омӯзгорон ва хонандагонро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба тарбиятгирандагон хониши хубу аъло таманно намуд.
Таъкид карда шуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудани насли имрӯзу ояндаи миллат вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани биноҳои нави муассисаи таълимӣ гувоҳи ғамхорию пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи мактабу маориф мебошад.
Дар навбати худ роҳбарият ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Ҳукумати мамлакат барои чунин ғамхорӣ, яъне бунёди мактабҳои замонавӣ изҳори сипос намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Дар ин радиф, таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба соҳаи маориф хосса мебошад. Соли равон маблағгузории соҳаи мазкур аз 793 миллиони соли 2018 ба 938 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 18,3 фоиз зиёд мебошад.












ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






