ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ду деҳаи дурдасти ноҳияи Мастчоҳ муассисаҳои таълимӣ бунёд шуданд

Сентябрь 20, 2019 10:21

ДУШАНБЕ, 20.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду деҳаи дурдасти ноҳияи Мастчоҳ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, дар деҳаи дурдасти Сангчашмаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ мактаби замонавӣ барои 240 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин боргоҳи маърифат, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 мебошад, дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

Ҳамчунин дар деҳаи дурдасти Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бинои мактаби замонавӣ – филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 мавриди истифода қарор гирифт. Бинои муассисаи таълимии №5 дар деҳаи Файзобод ба ҷойи бинои қаблии садамавӣ дар муддати кӯтоҳ бо харҷи беш аз 700 000 сомонӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими ба истифодадиҳии муаассисаҳои нави таълимӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймаҳмадзода иштирок намуданд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ Илҳомҷон Оймаҳмадзода омӯзгорон ва хонандагонро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба  тарбиятгирандагон хониши хубу аъло таманно намуд.

Таъкид карда шуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудани насли имрӯзу ояндаи миллат вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани биноҳои нави муассисаи таълимӣ гувоҳи ғамхорию пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи мактабу маориф мебошад.

Дар навбати худ роҳбарият ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Ҳукумати мамлакат барои чунин ғамхорӣ, яъне бунёди мактабҳои замонавӣ изҳори сипос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Дар ин радиф, таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба соҳаи маориф хосса мебошад. Соли равон маблағгузории соҳаи мазкур аз 793 миллиони соли 2018 ба 938 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 18,3 фоиз зиёд мебошад.

Сентябрь 20, 2019 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад