ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар маҳаллаи ҳаштуми шаҳри Ҳисор корҳои мумфаршкунии роҳ оғоз гардиданд

Сентябрь 24, 2019 14:52

ДУШАНБЕ, 24.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи ҳаштуми шаҳри Ҳисор як амали неки созандагӣ – мумфаршкунии роҳ оғоз ёфт, ки дар он дар радифи роҳсозон ҳамзамон собиқадорони меҳнат, аҳли зиё ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок намуданд.

Дар доираи таҷлили сазовори 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021  дар шаҳри Ҳисор чун дар дигар минтақаҳои мамлакат корҳои ободонию  бунёдкорӣ дар авҷанд.

Танҳо соли равон  бо дастгирӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ  дар шаҳраки Ҳисор беш аз 12 км роҳҳои дохилӣ  мумфарш гардидаанд.

Бояд гуфт, ки дарозии роҳи мазкур  ба масофаи 2 км тӯл кашида, паҳноии он  он сӣ метрро  ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ду шафати роҳ ба масофаи 1,3 км  қубурҳои бетонии обгузар, 130 пояи чароғҳои нурафкан, 277 бех арчаҳои ороишию сояафкан шинонида шуда, дар масоҳати 1350 метр гулдон бо 2410 бех гулҳои садбарг бунёд гардидааст, ки ба симои шаҳрак  таровати  хосса мебахшад.

Мавриди зикр аст, ки баромадан аз бунбасти  коммуникатсионӣ яке аз се ҳадафи стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳсуб шуда,  сокинони шаҳри Ҳисор  хуб огоҳанд, ки барои расидан ба ин ҳадафи олӣ солҳои охир дар мамлакат бо роҳбарию ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд.

Таъмиру таҷдид ва бунёди шоҳроҳҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, нақбу пулҳои замонавӣ Тоҷикистонро  ба давлати воҳид табдил додаанд, ки ин раванд ба ҳамлу нақли молу маҳсулот ва мусофирон, рушди иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат мусоидат менамояд.

                                           Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2019 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид