БА ҶАШНГОҲҲО БИРАВЕД! Аз 8 то 12 сентябр дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барномаҳои идона доир мегарданд

Сентябрь 4, 2019 12:30

ДУШАНБЕ, 4.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ дар назар аст. Аз ҷумла, 9 сентябри соли 2019, соати 10:00, дар майдони сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва ба истифода додани агрегати дуюми неругоҳи мазкур барномаи бошукӯҳи  фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин барномаи театришуда  устодони санъати тоҷик бо беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва  дигар арзишҳои миллӣ ба фазои идонаи   Тоҷикистон шукӯҳи тоза мебахшанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шоми ҳамон рӯз, соати 19:00, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе  барномаи мутантани театрикунонидашуда манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида мешаванд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 8 сентябр бахшида ба таҷлили ҷашни мазкур дар чор ноҳияи  пойтахт барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавӣ  баргузор  мегарданд. Аз ҷумла, дар «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  «Майдони 800-солагии Москва»-и  ноҳияи Шоҳмансур, майдони хиёбони Сино дар  назди Прокуратураи генералӣ, «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»  ва дигар маконҳои фарҳангӣ консерту барномаҳои дилхушкунанда ва озмунҳо доир карда мешаванд.

Дар ин рӯзҳо бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ  таҷлил намудани ин ҷашни фархунда дар пойтахт баргузории барномаҳои иттилотию маърифатӣ,  фарҳангиву фароғатӣ, аёдати собиқадорони меҳнат,  шахсони  ниёзманд ва  мусобиқаҳои варзишӣ,  аз ҷумла мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ, гӯштини миллӣ ва дигар барномаҳо дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, 10 сентябр, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мӯъминобод барои сокинону меҳмонон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳия доир мешавад.

Тантанаҳои идона 11 сентябр, соати 19:00, дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб бо баргузории барномаи театрикунонидашуда дар назар гирифта шудаанд. Дар ин рӯз беҳтарин сарояндагон аз гӯшаву канори мамлакат хотири сокинони шаҳри Кӯлоб ва минтақаҳои онро бо суруду оҳангҳои марғуб дар васфи сулҳу ваҳдат ва якпорчагии диёр болида месозанд.

Ҳамчунин бахшида ба ҷашни Истиқлолият 12 сентябр дар ноҳияи Данғара маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардида, ба ин муносибат аҳли фарҳангу ҳунар барномаи бошукӯҳи консертӣ ва дигар намоишҳои ҷолибу диданиро манзури сокинон мегардонанд.

Мардуми тоҷик бисту ҳашт сол инҷониб ҷашни муҳими таърихӣ-Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Истиқлолияти давлатии мамлакатро эълон намуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият шинохтанд. Ин рӯз барои тоҷикон таърихӣ ва фаромӯшнопазир мебошад. Санаи муҳими таърихи миллати тоҷик  ба ҳисоб рафтани 9 сентябр гувоҳи он аст, ки орзуву ормонҳои чандинасраи ин миллат ниҳоят баъди ҳазорсолаҳо аз нав ҷомаи амал пӯшид ва мо аз нав соҳибдавлат гардидем.

Сентябрь 4, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода