Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар назди муассисаҳои таълимии Бадахшон гармхонаҳо бунёд мекунад
ХОРУҒ, 19.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алберто Коррея Мендес зимни сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вазъ ва тарзи таъмини толибилмони синфҳои ибтидоӣ бо ғизои солим мароқ зоҳир кард.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба беҳтар намудани ғизои солим дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумлаи барои синфҳои ибтидоӣ таклифҳо пешниҳод намуданд.
Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин созмон бо ду ҳазор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт. Онҳо давоми чандин сол ба хонандагони хурдсоли муассисаҳои таълимии вилояти Бадахшон, ки шумораашон аз 130 адад бештар буд, кумаки ғизоӣ расонданд. Ҳоло созмони мазкур мақсад дорад дар Тоҷикистон барномаи наве бо номи «Бунёди сабз» роҳандозӣ намояд. Бо шурӯъ шудани Барномаи «Бунёди сабз», ки аслан бо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии батадриҷи ҷомеа бо оқибатҳои он сару кор дорад, боз чанд нақшаи нав роҳандозӣ мешаванд.
Амалисозии ин лоиҳаҳо аз моҳи январи соли оянда оғоз ёфта, дар чаҳорчӯби он сохтмони гармхонаҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ, усулҳои беҳтари хушк кардани мева, сохтмони анборхонаҳо барои озуқа ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Яке аз дигар масъалаҳое, ки тайи чанд соли охир ҷомеаро нигарон кардааст, ин қадпастӣ ва камвазнии кӯдакон мебошад. Мутахассисони соҳаи тиб баъди омӯзиш ба ин натиҷа расиданд, ки яке аз иллатҳои асосии ин омил норасоии ғизои солим ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Сол то сол ба бозори ҷаҳонӣ ғизоҳои сунъӣ бештар ворид мешаванд, ки ба рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии кӯдакон халал ворид мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои истеҳсоли озуқавории аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ шароити мусоид дорад. Дар мамлакати мо дар назди ҳар як муассисаи таълимӣ имкони ташкили полез барои парвариши сабзавоту зироат, бунёди боғу гармхона мавҷуд аст, фақат дар марҳилаи аввал онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кардан зарур меояд.
Намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди мулоқот бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз чанд гармхонаи ҳудуди шаҳр дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 оғоз гардида, то нимаи соли 2024 давом хоҳад кард.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2019 Барномаи ғизои мактабӣ 52 ноҳияро фаро гирифта, шумораи умумии баҳрабарон 410 ҳазору 513 нафарро ташкил медиҳад.
Барномаи ғизои мактабии Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми муҳимтарини стратегияи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва рушди маориф мебошад.









Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






