Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 23.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ- WCO – World customs organization/ Кунио Микурия бо сафари расмии серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Интизор меравад, ки Дабири кулли Созмони мазкур дар доираи сафари расмӣ бо роҳбарияти сатҳи олии мамлакат мулоқот анҷом диҳад. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳамзамон Кунио Микурия дар Душанбе бо сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва дигар шахсони расмӣ мулоқот намуда, маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкории гумрукиро баррасӣ намояд.
Кунио Микурия дар ҳошияи сафари расмӣ ба Тоҷикистон аз дидбонгоҳҳои гумрукии «Терминал»-и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе ва дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос мегардад. Дабири кулли СҶГ инчунин аз «Кохи Наврӯз», ангурбоғи шаҳри Турсунзода ва дараи Варзоб дидан хоҳад кард.
Бояд тазаккур дод, ки ин дуюмин сафари Дабири кулли СҶГ Кунио Микурия ба Тоҷикистон буда, қаблан ӯ панҷ сол муқаддам — моҳи сентябри соли 2014 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Созмони ҷаҳонии гумрук соли 1953 таъсис дода шуда, қароргоҳаш Брюссели Белгия аст. Алҳол мақомоти гумруки 182 давлати ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 аъзои СҶГ мебошанд. Кунио Микурия (Япония) аз соли 2009 вазифаи дабири кулли СҶГ-ро ба уҳда дорад. СҶГ дар ҷаҳон ба ҳайси маркази глобалии экспертизаи гумрукӣ эътироф карда шудааст, ки дар муҳокима, таҳия ва такмили технологияи гумрукӣ ва қонунгузории гумрукӣ нақши муҳим мебозад. Фаъолияти созмон дар асоси дархостҳои аъзои он ташаккул ёфтааст. Воситаҳо ва амалияҳои беҳтарини СҶГ асоси фаъолияти хадамоти муосири гумрукӣ эътироф карда мешаванд.
Баланд бардоштани самаранокии хадамоти гумруки кишварҳои узви ин созмон тавассути чораҳое, ки ба рушди миллии онҳо мусоидат мекунанд, таҳкими амнияти миллӣ, зиёд кардани ҷамъоварии андозҳо ва ҷамъоварии омор оид ба савдои хориҷӣ аз ҳадафҳои асосии СҶГ мебошанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






