Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

Сентябрь 23, 2019 14:21

ДУШАНБЕ, 23.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Дабири кулли  Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ- WCO – World customs organization/ Кунио Микурия   бо сафари расмии серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.  Интизор меравад, ки Дабири кулли Созмони мазкур дар доираи сафари расмӣ бо роҳбарияти сатҳи олии мамлакат мулоқот анҷом диҳад. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамзамон Кунио Микурия дар Душанбе  бо  сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, ректори Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф  Имомзода ва дигар шахсони расмӣ  мулоқот намуда, маҷмӯи  масъалаҳои тақвияти ҳамкории гумрукиро баррасӣ намояд.

Кунио Микурия дар ҳошияи сафари расмӣ ба Тоҷикистон аз дидбонгоҳҳои гумрукии «Терминал»-и Раёсати   минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе ва дидбонгоҳи гумрукии  «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии  гумрукӣ  дар шаҳри Турсунзода боздид намуда, бо фаъолияти  онҳо аз наздик  шинос мегардад. Дабири  кулли СҶГ инчунин аз «Кохи  Наврӯз», ангурбоғи шаҳри Турсунзода ва дараи Варзоб  дидан хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки ин дуюмин сафари  Дабири кулли СҶГ Кунио Микурия ба Тоҷикистон буда, қаблан ӯ панҷ сол муқаддам — моҳи  сентябри соли 2014 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Созмони ҷаҳонии гумрук соли 1953 таъсис дода шуда, қароргоҳаш  Брюссели Белгия аст. Алҳол мақомоти гумруки  182 давлати ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соли 1997 аъзои СҶГ мебошанд. Кунио  Микурия (Япония) аз соли 2009 вазифаи дабири  кулли  СҶГ-ро ба уҳда дорад. СҶГ  дар ҷаҳон ба ҳайси маркази глобалии экспертизаи гумрукӣ эътироф карда шудааст, ки дар муҳокима, таҳия ва такмили технологияи гумрукӣ ва қонунгузории гумрукӣ нақши муҳим мебозад. Фаъолияти созмон дар асоси дархостҳои аъзои он ташаккул ёфтааст. Воситаҳо ва амалияҳои беҳтарини СҶГ асоси фаъолияти хадамоти муосири гумрукӣ эътироф карда мешаванд.

Баланд бардоштани самаранокии хадамоти гумруки кишварҳои узви ин созмон тавассути чораҳое, ки ба рушди миллии онҳо мусоидат мекунанд, таҳкими амнияти миллӣ, зиёд кардани ҷамъоварии андозҳо ва ҷамъоварии омор оид ба савдои хориҷӣ аз ҳадафҳои асосии СҶГ мебошанд.

                                           Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2019 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд