Дар Душанбе фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид

Сентябрь 24, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар шаҳри Душанбе  вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Падамжи Ханделвал баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар ҷараёни мулоқот атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат  дар нуҳ моҳи соли равон, алалхусус оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, ҳаҷми ММД ва сатҳи таваррум, суръати рушд дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, савдо ва хизматрасонӣ, бунёди корхонаҳои хурд ва миёна, нарх дар бозори истеъмолӣ, воридоту содироти маҳсулот, вазъи интиқоли пулӣ, фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисод баён доштанд.

Сентябрь 24, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5981 то 9.6300 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад