Дар Душанбе китоби «Сангнавиштаҳои олимони Самарқанд (X-XIV)» муаррифӣ гардид

Сентябрь 14, 2019 09:24

ДУШАНБЕ, 14.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Осорхонаи миллии бостонии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИ ҶТ) бо иштироки намояндагони сафоратхонаҳои Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масоили мубрами омӯзиши таърих, санъат  ва фарҳанг дар Тоҷикистон» ва муаррифии китоби «Сангнавиштаҳои олимони Самарқанд (X-XIV)» ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид.  

Муаллифони китоби мазкур Лола Додхудоева (Тоҷикистон), А.К Муминов (Қазоқистон), Б.М Бобоҷонов (Ӯзбекистон), У.Рудолф (Швейтсария) мебошанд.

Узви вобаста, ноиби президенти АИ ҶТ  Абдураҳмон Муҳаммад баён дошт, ки «муаррифии ин китоб воқеан як ҳамкории хеле муҳим дар соҳаи таърих ва миёни олимони тоҷик бо дигар давлатҳо мебошад. Ман умед дорам, ки сангнавиштаҳои олимони тоҷик ҳам шояд замоне ҳамин гуна китоб шаванду ифтихори тамоми олимону муҳаққиқон ва Тоҷикистону ҷаҳон  гарданд».

Китоби мазкур бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии ИРСИКА, ки яке аз ташкилотҳои бонуфуз дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, рӯйи чоп омад.

Бояд гуфт, ки ташкилоти мазкур на танҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми дунё дар робита ба муаррифӣ намудани тамаддуни исломӣ  нақши муҳим мегузорад.

«Минатдории худро ба тамоми ташкилкунандагони ин ҳамоиши басо муҳим мерасонам, зеро ин гуна ҷамъомадҳо муносибат ва робитаҳои олимон ва муҳаққиқони давлатҳоро  мустаҳкам менамоянд. Бояд гуфт, ки ин гуна ҳамоишҳо агар имрӯз натавонанд, фардо, албатта, натиҷаи худро дар зиндагии мардум мегузоранд», — иброз дошт зимни суханронӣ профессор, директори генералии Маркази байналмилалии омӯзиши таърих, санъат ва фарҳанги исломӣ (МБОТСФ) дар назди Созмони ҳамкории исломӣ  (СҲИ) Холит Эрен.

 

Сентябрь 14, 2019 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд