Дар Душанбе китоби «Сангнавиштаҳои олимони Самарқанд (X-XIV)» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Осорхонаи миллии бостонии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИ ҶТ) бо иштироки намояндагони сафоратхонаҳои Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масоили мубрами омӯзиши таърих, санъат ва фарҳанг дар Тоҷикистон» ва муаррифии китоби «Сангнавиштаҳои олимони Самарқанд (X-XIV)» ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид.
Муаллифони китоби мазкур Лола Додхудоева (Тоҷикистон), А.К Муминов (Қазоқистон), Б.М Бобоҷонов (Ӯзбекистон), У.Рудолф (Швейтсария) мебошанд.
Узви вобаста, ноиби президенти АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад баён дошт, ки «муаррифии ин китоб воқеан як ҳамкории хеле муҳим дар соҳаи таърих ва миёни олимони тоҷик бо дигар давлатҳо мебошад. Ман умед дорам, ки сангнавиштаҳои олимони тоҷик ҳам шояд замоне ҳамин гуна китоб шаванду ифтихори тамоми олимону муҳаққиқон ва Тоҷикистону ҷаҳон гарданд».
Китоби мазкур бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии ИРСИКА, ки яке аз ташкилотҳои бонуфуз дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, рӯйи чоп омад.
Бояд гуфт, ки ташкилоти мазкур на танҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми дунё дар робита ба муаррифӣ намудани тамаддуни исломӣ нақши муҳим мегузорад.
«Минатдории худро ба тамоми ташкилкунандагони ин ҳамоиши басо муҳим мерасонам, зеро ин гуна ҷамъомадҳо муносибат ва робитаҳои олимон ва муҳаққиқони давлатҳоро мустаҳкам менамоянд. Бояд гуфт, ки ин гуна ҳамоишҳо агар имрӯз натавонанд, фардо, албатта, натиҷаи худро дар зиндагии мардум мегузоранд», — иброз дошт зимни суханронӣ профессор, директори генералии Маркази байналмилалии омӯзиши таърих, санъат ва фарҳанги исломӣ (МБОТСФ) дар назди Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) Холит Эрен.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






