Дар Душанбе намоиши дастхатҳои нодир ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2019, /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши «Дастхатҳои нодир аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» ифтитоҳ гардид.
Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар расми ифтитоҳи намоиши мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва дӯстдорони таърихи пурғановати халқи тоҷик иштирок намуданд.
«Меҳмонон метавонанд аз 50 адад китобу дастхатҳои нодир, ки аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва фонди захиравии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба маъраз гузошта шудаанд, боздид намоянд», -афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки «Қуръони Карим», «Мушкот-ул-масобиҳ», «Рашаҳотайн-ул-ҳаёт», «Маъориҷ-ун-нубувват фи мадориҷ-ил-футувват», «Ҳазору як шаб», «Тазкират-уш-шуъаро», «Ахлоқ-ул-муҳсинин», «Маҷмуаи маснавиёт ва девонҳо», «Юсуфу Зулайхо»- и А. Ҷомӣ аз зумраи китобҳои нодире мебошанд, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шудаанд.
Зикр шуд, ки нусхаҳои нодири дар намоиш гузошташуда фарогири мавзӯъҳои таърих, ирфон, ахлоқ, забону адабиёт, сарфу наҳви арабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ буда, ҳамчунин дорои ҳунари волои хаттотӣ, саҳифабандӣ ва муқовасозӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур то 24 сентябр идома ёфта, меҳмонону сокинони пойтахт метавонанд аз он дидан намоянд.










Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






