Дар Душанбе Пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон баргузор гардид

Сентябрь 20, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 20.09.19. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз,  20 сентябр дар шаҳри Душанбе Пленуми 4-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Пленум масъалаҳои ташкил ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва самтҳои фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Дар ҳамоиш лоиҳаи Қарори Пленуми 4-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба таҷлили 75- солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон» муарифӣ гардид.

Зикр шуд, ки халқи созанда, бунёдкор ва фарҳангдӯсти тоҷик дар арафаи таҷлили сазовори санаҳои таърихӣ, аз ҷумла 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75- солагии Ғалабаи Бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳон,  ки ба 9 майи соли 2020 рост меояд,  қарор дорад. Аз ин рӯ Шӯрои собиқадорон дар ин робита як силсила корҳои ташкилӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ, маишӣ-маданӣ ва таблиғотиро анҷом додааст.

Бояд  зикр кард, ки ин рӯйдоди таърихӣ дар тамоми давлатҳои ИДМ таҷлил карда мешавад. 24 июл дар пойтахти Россия- шаҳри Москва ҷаласаи Комиссияи иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардида буд, ки дар ҷараёни он «Дар бораи дар соли 2020 маблағгузорӣ кардани Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи самтҳои асосии рушди минбаъдаи кумаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати ҳаёти собиқадорони ҷанг-иштирокчиёни муноқишаҳои маҳаллӣ ва аъзои оилаи онҳо дар давлатҳои ИДМ барои давраи то соли 2020» ва як зумра масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Ҳамчунин 18 сентябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки  яке аз масъалаҳои он омодагӣ ба 75-солагии Ҷанги дуюми ҷаҳон буд.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки соли гузашта ба 232 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, 3486 нафар собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва 870 нафар  собиқадорони хизмати ҳарбӣ кумакҳои яквақтаина расонида шуданд.

Ҳамзамон Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияиҳо вазифадор гардиданд, ки аз ҷараёни иҷрои қарори мазкур то оғози моҳи январи соли 2020 ба Шӯро маълумот пешниҳод намоянд.

Сентябрь 20, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд