Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳодҳо ва сохторҳои СММ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Директори иҷроияи Директорати иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ (CTED) Мишел Конинскс вохӯрӣ анҷом дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону CTED-ро дар самти мубориза бо терроризм мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин ҷонибҳо вобаста ба масъалаи таҳдидҳои замони муосир ва чолишҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин 26 сентябр Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Маъмури Барномаи Рушди СММ Ахим Штайнер мулоқот намуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва БРСММ-ро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба масъалаи роҳҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Ахим Штайнерро барои иштирок дар Конфронси бахшида ба татбиқи Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор», ки дар назар аст соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, даъват намуд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






