Дар Санкт-Петербург Клуби дӯстони Тоҷикистон таъсис дода шуд

Сентябрь 8, 2019 08:44

ДУШАНБЕ, 08.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Клуби дӯстони Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар ҷамъомаде, ки дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму фарҳанг ва ширкатҳои тиҷоратӣ ҷамъ омада, дар бораи таъсис додани клуб ва боз ҳам устувор кардани дӯстию ҳамкории байни Тоҷикистону Россия сухан гуфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Пербург хабар доданд.

Зимни суханронии худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода аз таърихи муносибатҳои Тоҷикистон бо Россия, сафарҳои нависанда ва мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш ба Санкт-Петербург, саҳми олимони рус дар омӯзиши табиату набототи мамлакати мо, таъриху фарҳанги халқи тоҷик, саҳми халқи рус дар рушди Тоҷикистон ёдовар шуд. Ӯ зикр кард, ки дар шароити истиқлолият муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар рӯҳияи иттифоқчӣ ва шарикии стратегӣ будан ривоҷ доранд. Дипломати тоҷик зикр кард, ки ҳамкории минтақавии Тоҷикистон бо субъектҳои Федератсияи Россия дар Минтақаи федералии шимолу ғарбӣ, хусусан Санкт-Петербург, ки бо Душанбе бародаршаҳр мебошад, ба таваҷҷуҳи бештар ниёз доранд, ки дар ин ҷода Клуби дӯстони Тоҷикистон метавонад фаъолияти назаррас дошта бошад.

Ректори Донишкадаи Смолний, доктори илмҳои таърих Виктор Прокопевич Казантсев аз солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон ба некӣ ёдовар шуда, рушди ҳамкориро дар соҳаи маориф, алалхусус омода кардани олимони ҷавон муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки омода аст ҷиҳати тайёр кардани олимони ҷавони соҳаи таърих ва дастрасӣ ёфтани онҳо ба бойгониҳои Россия кумаки худро расонад.

Вероника Евгеневна Нуждина, директори ширкати “Спансет” дар бораи сафараш ба Тоҷикистон ёдовар шуда, дар бораи табиат, шароити сайёҳӣ, имкониятҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ тавассути тавсеаи робитаҳои тиҷоратии Клуби дӯстони Тоҷикистон ҳарф зад ва иброз дошт, ки ин, бешубҳа, ба муаррифии беҳтари Тоҷикистон дар пойтахти фарҳангии Россия таъсири худро гузошта метавонад.

Директори генералии ширкати “STI Inernational” Олга Владимировна Ходаковская, ки ҳамзамон раиси ТОП-50 соҳибкори муваффақи Санкт-Петербург мебошад, хабар дод, ки дар доираи Бизнес-форуми моҳи октябр доиршаванда омода аст ҳамкасбони тоҷикистонии худро бо мақсади роҳандозии робитаҳои мустақим ва нақшаҳои минбаъда роҷеъ ба ҳамкорӣ ба Санкт-Петербург даъват намояд.

Виктория Александровна Хаглеева —  сардори Раёсати Нозироти меҳнати Санкт-Петербург зикр намуд, ки ифтитоҳи Клуб чун намунаи хуби шиносоӣ бо одамҳои нав ва муошират бо дӯстон хизмат карда метавонад.

Иштирокчиёни дигар низ аз ҷумлаи кормандони сохторҳои тиҷоратӣ, бонкӣ, ҳуқуқшиносон ва соҳибкорони инфиродӣ зимни суханронҳои худ ин иқдомро ҳамчун як марҳилаи нав ва намунавии барпо намудани ҳамкорӣ ҳамаҷониба қабул намуданд. Аъзои Клуб бо мақсади тақвият бахшидан ба муносибатҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ пешниҳод намуданд то ҷуғрофияи Клуб аз ҳисоби шарикони хориҷияшон аз давлати Беларус, Литва, Латвия, Эстония ва Финляндия васеъ карда шавад. Ғайр аз ин ҳозирин изҳори омодагӣ намуданд, ки ба моҳи октябри соли равон дар доираи бизнес-форуми шаҳри Санкт-Петербург соҳибкорони тоҷикистониро даъват намоянд.

Интизор аст, ки бо оғози фаъолияти Клуб ва мустаҳкам намудани сохтори он таваҷҷуҳи Клуб ба ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, рӯзҳои наздик дар доираи он дар шаҳри  Санкт-Петербург шомҳои эҷодӣ, ҳунарӣ ва намоиши расмҳои рассоми тоҷик Матлуба Яҳёева барпо мегарданд.

Вероника Нуждина якдилона роҳбари Клуби дӯстони Тоҷикистон интихоб гардид.

Сентябрь 8, 2019 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Олмон ҳамкории Тоҷикистон бо Институти тадқиқоти автомобилӣ ва раиси кластери «HZwo» баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири маорифи Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми глобалии Эътилофи тамаддунҳои СММ иштирок намуд
Дар Сеул Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Дар Москва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд
Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Австрия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Ҳамватанони бурунмарзӣ дар Туркманистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дастҷамъона тамошо намуданд
Сафири Тоҷикистон ба сардори ташрифоти Вазорати федералии корҳои аврупоии Австрия нусхаҳои эътимодномаҳояшро супорид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико нусхаҳои эътимодномаҳои худро ба Котиботи давлатии ИМА супорид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Непал эътимоднома супорид