ФУТБОЛ: Тоҷикистон баъди пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби Қирғизистон мақоми аввалро дар гурӯҳ соҳиб шуд

Сентябрь 6, 2019 13:02

ДУШАНБЕ, 06.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 5 сетябри соли равон бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни  дастаҳои  мунтахаби   футболи  Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  бо  иштироки    мухлисони сершумори  футболи тоҷик  дар сатҳи баланду  хотирмон  баргузор шуд. Дар ин  рақобати ҷолиб футболбозони   тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ягона голи ин дидорро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба ҳадаф  расонид.  Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  ҚУРБОН   шарҳ медиҳад.

Баъди сипарӣ шудани даври якум дар гурӯҳи «F» дастаи  мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. Дастаи  мунтахаби Муғулистон низ се хол дораду дар ҷои дуюм қарор гирифтааст. Дар  13 бозие, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон анҷом додаанд, дар ҳашт бозӣ футболбозони мо ғолиб омадаанд, се дидор бо пирӯзии футболбозони қирғиз хотима ёфта, ду бозӣ мусовӣ шудааст. Дар тамоми ин бозиҳо футболбозони Тоҷикистон ба дарвозаи Қирғизистон 19  гол задаву 11 тӯб ба дарвозаашон сар додаанд.

Акнун дар даври дуюм   футболбозони  Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо  дастаи  мунтахаби Муғулистон бозӣ мекунанд. Ин дидор 10 сентябр дар Улан Батор сурат мегирад. Оғози бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе.

Хотиррасон  мешавем, ки  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои миллии Япония, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

 Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022

Марҳилаи интихобии Осиё. Даври дуюм

Гурӯҳи «F»

Даври  1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Алишер Ҷалилов, 42.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Хуршед Бекназаров, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ҷаҳонгир Эргашев, 89), Алишер Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев (Комрон Турсунов, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 87).

Қирғизистон: Павел Матяш, Темирлан Козубаев, Азамат Бойматов, Эдгар Бернхардт, Мирлан Мурзаев, Бекжан Сагинбаев, Кайрат Жиргалбек, Виталий Люкс, Бактияр Дуйшобеков (Абай Боколеев, 69), Фархат Мусабеков (Алимардон Шукуров, 76), Аҳлидин Исроилов (Турсуналӣ Рустамов, 46).

Огоҳӣ: Кайрат Жиргалбек, Азамат Бойматов, Темирлан Козубаев (Қирғизистон).

Бозингари беҳтарин: Алишер Ҷалилов (Тоҷикистон).

Сардовар: Адҳам Муҳаммад Маҳадмеҳ (Урдун).

Нозири доварон: Кадхум Ауда Лазим Ал-Саидӣ (Ироқ).

Комиссари бозӣ: Бачир Чафик Абдул Холиқ (Лубнон).

Муғулистон – Мянма – 1:0
Гол: Дулгуун Амараа, 17.

Бозиҳои оянда:

Даври  2-юм
10 сентябр (сешанбе)

Муғулистон – Тоҷикистон

Мянма – Япония

Даври 3-юм
10 октябр (панҷшанбе)

Ҷопон – Муғулистон
Қирғизистон – Мянма

Даври  4-ум
15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон  – Япония
Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум
14 ноябр (панҷшанбе)

Мянма – Тоҷикистон

Қирғизистон – Япония

Даври  6-ум
19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянма – Муғулистон

Давр 7-ум
26 марти 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон  – Муғулистон
Япония – Мянма

Давр 8-ум
31 марти 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Япония
Мянма – Қирғизистон

Давр 9-ум
4 июни 2020 (панҷшанбе)

Япония – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Давр 10-ум
9 июни 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон  – Мянма
Япония – Қирғизистон

Сентябрь 6, 2019 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад