ИМРӮЗ – РӮЗИ АВИАТСИЯИ ТОҶИК. Тоҷикистон ба Франсия, Голландия, Қатар, Гурҷистон ва Озарбойҷон роҳи ҳавоӣ мекушояд

Сентябрь 3, 2019 16:09

ДУШАНБЕ, 03.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ростои тавсеаи ҷуғрофиёи парвозҳо тасмим дорад, ки ояндаи наздик ба самтҳои Франсия, Қатар, Гурҷистон ва Озарбойҷон  роҳи ҳавоӣ  кушода, парвозҳои мустақим анҷом диҳад. Ҳамзамон рӯзҳои наздик ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози  мустақими ҳавоиро  байни Тоҷикистон ва Голландия  ба роҳ хоҳад монд. Ин матлабро зимни  суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсияи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Икром  Субҳонзода дар Рӯзи таҷлили  95-умин солгарди таъсиси  авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.

Икром Субҳонзода афзуд, ки ҳамасола бо дастуру  ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷуғрофиёи парвозҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар кишварҳо   фарох гардонида мешавад. Алҳол лоиҳаи созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ бо мақомоти авиатсионии Франсия, Қатар, Гурҷистон ва Озарбойҷон мувофиқа гардидааст. Дар ҳолати ба роҳ мондани парвозҳои мустақим ба ин кишварҳо он ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии авиатсионӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон ва муаррифии зарфияту дастовардҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар сохтори интиқоли байналмилалии мусофирон  саҳми авиатсияи граждании мамлакат  85 фоизро ташкил медиҳад, ки ин бозгӯи соҳаи калидӣ будани авиатсияи гражданист. Он барои қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба хизматрасониҳои  сатҳи баланди авиатсионӣ ва рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат мусоидат  менамояд.

Бо дахли дастовардҳои соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон   Икром Субҳонзода изҳор дошт, ки бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳа рӯ ба рушд ниҳода, алҳол давлати мо  бо зиёда аз  30 кишвари ҷаҳон  Созишнома  оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонидааст. Ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ имконият фароҳам меоранд, ки пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги ин кишварҳо  бо Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст гарданд.

Тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббус ва иқдоми Пешвои  миллат инфрасохтори соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ  ҷавобгӯ гардонида шудааст. 3 сентябри соли 2014 дар Рӯзи таҷлили авиатсияи гражданӣ  дар Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе терминали муосир  ба истифода дода шуда,   сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ба маротиб боло рафт. Моҳи июни соли 2018 дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ яке аз марказҳои бузурги логистикӣ  дар Осиёи Марказӣ –Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар маросими ботантана ба истифода дода шуд. Он имконият фароҳам меорад, ки ҳазорон тонна борҳо коркард ва ба хориҷи мамлакат интиқол дода шуда, молҳо ба Тоҷикистон ворид гарданд. Инчунин соли равон дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои миллат  иншооти бузурги аэронавигатсионӣ-  манораи диспетчерӣ-назоратӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур дар доираи ҳамкории самарабахши Тоҷикистон ва Франсия  аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Франсия бунёд гардид, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Ҳамзамон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе толори намояндагони расмӣ ба истифода дода шуд, ки он  барои қабули сатҳи олии роҳбарони баландпоя  ва ҳайатҳои бонуфузи давлатҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд, махсус гардонида шуда, бо  тарҳ ва анъанаҳои хоси меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Инчунин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  хизматрасонии ҳавопаймоҳо мутобиқи дастурҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO-International Civil Aviation Organization), ки соли 1944 таъсис дода шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзояш аст, ба роҳ монда шудааст.

Дастоварди дигари соҳаи авиатсияи мамлакат аз он иборат аст, ки ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ ба ҳавопаймоҳои  нави муосири ғарбӣ -«Боинг» -ҳо гузаштанд, ки дар таъмини бехатарии парвозҳо нақши муассир доранд. Инчунин беш аз 20 давлати ҷаҳон алҳол парвозҳоро ба Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки он ба ҳисоби миёна дар як ҳафта беш аз 150 парвозро ташкил медиҳад. Иқтидори солонаи  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар як мавсим 2,5 миллион мусофир мебошад.

Бино ба иттилои Икром Субҳонзода, авиатсияи граждании Тоҷикистон  беш аз пеш рушд намуда, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ  мақомоти алоҳидаи ваколатдор- Агентии авиатсияи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мутамаркази танзим ва назораткунандаи соҳавӣ таъсис дода шуд. Алҳол 35 мутахассиси варзида барои таъмини бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани фаъолияти корхонаҳои авиатсионии  ҷумҳурӣ  ба талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO/ фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Дар омода намудани кадрҳои баландихтисос  Агентии авиатсияи граждании   назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ду соли фаъолияташ  беш аз 25 корманди Агентӣ аз курсҳои такмили ихтисоси ташкилотҳои байналмилалӣ гузашта,  дорои сертификатҳои мутобиқ  ба стандартҳои байналмилалӣ гардиданд.

Барои  баланд бардоштани савияи дониши  кормандон ва мутахассисони корхонаҳои авиатсионии мамлакат бо ҷалби   мутахассисони ҳирфаии ташкилотҳои бонуфуз  11 маротиба курсҳои махсус ташкил гардида,  дар он кормандони фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ иштирок намуда,  дорои сертификатҳо шуда, дар таъмини бехатарии парвозҳо ва таъмини авиатсионӣ фаъолият намуда истодаанд.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 20 кишвари ҷаҳон робитаи ҳавоӣ дошта, дар бозори авиатсионии  мамлакат ду ширкати ҳавопаймоии ватанӣ — «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба мусофирон хизмат мерасонанд. Инунин дар радифи  ду  ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар доираи санадҳои имзошудаи байналмилалӣ 12 ширкати ҳавопаймоии  кишварҳои хориҷӣ, назири  «Turkish Airlines»-и Туркия, «Flydubai»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «Air Astana» ва «SCAT»-и   Қазоқистон, «Kam Air»-и Афғонистон, «Utair», «Ural Airlines», «S7 Airlines», «Nordwind Airlines»-и  Россия,  «Varesh Airlines»-и  Эрон, «Uzbekistan Airways»-и Ӯзбекистон ба мусофирон  хизмати ҳавоӣ мерасонанд.

Таърихи таҷлили  Рӯзи авиатсияи тоҷик аз куҷо сарчашма мегирад? Дар посух ба ин савол директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода гуфт, ки 95 сол муқаддам, 3 сентябри соли 1924, бори нахуст ҳавопаймои сохти немисии  Юнкерс Ф- 13, ки аз ҷониби сарнишинони тоҷикистонӣ  Петр Комаров ва Рашидбек  Ахриев идора мегардид, аз Бухоро парвоз намуда,  ба Душанбе фуруд омад.

Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав боз намуда, ба таъсиси Рӯзи авиатсияи ватанӣ асос гузошт. 30 августи соли 1994 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр ҳамчун Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва он ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар ростои таҷлили 95-умин солгарди  таъсиси  авиатсияи тоҷик дар Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки беш аз 200 нафар роҳбарону намояндагон, собиқадорон ва кормандони мақомоту ширкатҳои авиатсионии  мамлакат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Зимни он фаъолон ва собиқадорони соҳа, бахусус кормандоне, ки дар рушди соҳа нақши арзанда гузоштаанд,  бо  нишонҳои «Корманди фахрии авиатсия», «95-солагии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳо қадронӣ гардиданд.

Дар маҷлиси тантанавӣ зикр шуд, ки соҳаи ҳавонавардӣ яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёти  мамлакат маҳсуб ёфта, маҳз бо шарофати дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон рушду ташаккул ёфтааст. Ин аст, ки  дар зарфи 95 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, системаҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд.

                                               Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

     PS. Бо истифода аз фурсати муносиб роҳбарият ва ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» кормандони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбӣ–Рӯзи таъсиси авиатсияи гражданӣ табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва дар рушду татбиқи сиёсати авиатсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбӣ орзу  мекунанд.

 

 

 

Сентябрь 3, 2019 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 61 фоизи заминҳо ба системаи биллингӣ ворид карда шудаанд
Тақвияти муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ барои нафақагирон сол то сол меафзояд
Дар Панҷакент вобаста ба истифодаи босамари замин ҷаласа баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти содирот баррасӣ шуд
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Эрон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эфиопия баррасӣ шуд
Гурӯҳи кории Ҳукумати Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич шинос гардид
«КИШВАРИ САБЗ». Дар ин парваришгоҳ зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ парвариш мешавад
Ширкати «Carpi» дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон иштирок менамояд
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо Ташкилоти байналмилалии рушди ИНТОСАЙ тақвият меёбад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эфиопия дар соҳаи авиатсия баррасӣ шуд