JICA дар Душанбе ду зеристгоҳи барқиро бунёд ва таҷдид менамояд

Сентябрь 21, 2019 09:41

ДУШАНБЕ, 21.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳи ноябри соли равон  Агентии Япония  оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» дар Тоҷикистон  дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар шаҳри Душанбе  ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода диҳад. Дар ин росто, намояндагии  Агентии  Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ  барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон  оид ба  ҷараёни иҷрои  «Лоиҳаи  беҳтаргардонии зеристгоҳҳои  барқӣ дар шаҳри Душанбе»  пресс-тур ташкил кард, ки ҳадафаш  шиносоии намояндагони ВАО бо фаъолият ва лоиҳаҳои JICA дар соҳаи энергетика  дар Тоҷикистон мебошад.     

Қабл аз пресс-тур Роҳбари намояндагии JICA  Ҳидеке Танабе зимни брифинги матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ доир ба ҷараёни татбиқи  «Лоиҳаи беҳтаргардонии зеристгоҳҳои барқӣ дар Душанбе сухан карда, гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон  ва таъмини эҳтиёҷоти сокинони шаҳри Душанбе бо неруи барқ мусоидат менамояд.

Зикр шуд, ки созишномаи  грантии лоиҳаи мазкур  30 июни соли  2017  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва JICA  ба маблағи  2,190 миллион иени японӣ, муодил ба  20 миллион доллари амрикоӣ  ба имзо расид.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби  ШСХК «Барқи Тоҷик»  ва ширкати японии  Нишизава  таҳти роҳбарии  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон  татбиқ гардида истодааст.  Дар доираи  шартномаи грантӣ   дар солҳои 2018-2019  сохтмони зеристгоҳи  барқии «Радиостансия» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва  «Промышленная»   дар ноҳияи Сино бунёд ва навсозӣ мегарданд.  Бояд тазаккур дод, ки  таҷҳизоти асосии  барқӣ, аз қабили  трансформаторҳо,  тақсимкунакҳои барқӣ  барои зеристгоҳҳои зикршуда  аз ҷониби ширкати   машҳури японии «Тошиба» истеҳсол гардидаанд.

Интизор меравад, ки баъди анҷоми лоиҳаи мазкур сокинони ду ноҳияи пойтахт –Исмоили Сомонӣ ва Сино, инчунин соҳаи саноат ва иншооти иҷтимоии шаҳр бо  неруи барқи устувори  доимӣ таъмин гардида,  дараҷаи сербории  зеристгоҳҳои  амалкунада ба таври  назаррас  кам мегардад.

Намояндагони расонаҳои хабарӣ зимни пресс-тур бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳҳои «Радиостансия» ва «Промышленная» шинос гардида, бо мутахассисони маҳаллӣ  ва японӣ суҳбат намуданд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари намояндагии JICA Ҳидеке Танабе гуфт:  «Татбиқи  «Лоиҳаи  беҳтаргардонии зеристгоҳҳои  барқӣ дар шаҳри Душанбе»  яке аз лоиҳаҳои аввалини JICA  дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон буда, ҳадафаш рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ мебошад».

Дар ду зерситгоҳ, ки аз ҷониби JICA бунёд ва  барқарор карда мешаванд, 50 нафар коргарони маҳаллӣ, инчунин мутахассиони японӣ фаъолият доранд. Дар мавриди ба истифода додани зеристгоҳи «Радиостансия» 30 фоиз ва саноатӣ- «Промышленная» 58 фоизи эҳтиёҷоти аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии пойтахт бо неруи барқ таъмин  мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки  зеристгоҳи барқии «Промышленная», ки соли  1976 бунёд гардидааст ва алҳол аз ҷониби JICA бо технологияи муосир таҷдид мегардад, дар рушди  соҳаи  саноати пойтахт нақши муассир мегузорад.

Мусаллам аст, ки JICA  ҳамкории техникии худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соли 1993  бо даъват намудани   хизматчиёни  давлатӣ бо мақсади  донишомӯзӣ дар Япония  ва аз худ намудани  таҷрибаи  Япония оид ба рушди  идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ  шуруъ намуд. Шумораи умумии иштирокчиёни   Барномаи курсҳои омӯзишӣ аз Тоҷикистон, ки расман ҳамчун курсҳои  омӯзиши JICA  эътироф гардидааст,  соли 2018  ба 2200 нафар расидааст.  Дафтари намояндагии  JICA  дар Тоҷикистон  аз соли 2006 ба фаъолият оғоз  карда,  то имрӯз лоиҳаҳои гуногуни бебозгашт ва техникиро  бо мақсади баланд бардоштани  сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон  дар соҳаҳои  таъмини оби нӯшокии бехатар,  ҳифзи саломатии модар  ва кӯдак,  коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди соҳаи  кишоварзӣ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика, барномаҳо оид ба идоракунии сарҳад ва рушди иқтидор  амалӣ намудааст. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон JICA  37 лоиҳаро амалӣ гардонид, ки 82 миллион доллари амрикоии он кумаки техникӣ буда,  беш аз 305 миллион долларро кумаки бебозгашт ташкил медиҳад.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ  «Ховар»

Сентябрь 21, 2019 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст