КОНФЕРЕНСИЯИ САТҲИ БАЛАНДИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ ДАР ҚОҲИРА. Он ба равобити таърихӣ миёни ташкилотҳои террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» бахшида шуд

Сентябрь 17, 2019 18:02

ДУШАНБЕ, 17.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба гузориши воситаҳои ахбори оммаи Миср,  шоми 14 сентябр дар бинои марказии яке аз муассисаҳои бонуфузи мисрӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ — Шӯро оид ба корҳои хориҷии Миср, воқеъ дар  шаҳри Қоҳира Конференсияи сатҳи баланди илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм:  робитаҳои таърихии ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (дар Тоҷикистон мамнуъ) ва «Ихвон-ул-муслимин» (дар Тоҷикистон мамнуъ) баргузор гардид. Конференсия зери сарпарастии пажӯҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯро оид ба корҳои хориҷии Миср, Маркази пажӯҳишҳои сиёсӣ ва иттилоотӣ, Форуми мисрӣ оид ба ВАО ва Бунёди эҳёи мерос ва хидматгузории рақамӣ гузаронида шуд.

Дар он дурнамои муштараки ду давлат дар масъалаи мубориза бар зидди фаъолияти ташкилотҳои террористӣ таъкид гардида, барои пешгирии фатвоҳои гумроҳкунанда, ки дини Исломро барои худ ҳамчун чодар истифода намуда, ҷавононро роҳгум ва оромиши кишварҳоро барҳам мезананд, таъкид шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби пажуҳишгарони мисрӣ робитаи таърихии “Ихвон-ул-муслимин” бо ТТЭ ҲНИ, алоқаи наздики роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо пешвоёни созмонҳои террористӣ ва бахусус бо Усома бин Лодин ва Мустафо Ҳомид (Абувалиди мисрӣ) ва таъмин гардидани ТТЭ ҲНИ бо яроқу аслиҳаи “Ал-Қоида”, бо ризоияти Усома бин Лодин аз тарафи инструкторҳои “Ал-Қоида” тамрини ҳарбӣ-террористӣ дидани ҷангиёни ТТЭ ҲНИ дар пойгоҳҳои “Ал-Қоида” дар ҶИА – “Форуқ” ва “Ҷиҳоди волӣ” ва робитаи идеологӣ, муштаракот ва ягонагӣ миёни ин созмонҳои болозикр, роҳҳои мубориза ва муттаҳидшавӣ ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм баррасӣ шуда, аз баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар мубориза алайҳи терроризм аз сиёсати духӯра худдорӣ намуда, аз пуштибонии амалҳои тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои ҳамчун созмони экстремистиву террористӣ эътироф шуда, ки ба сулҳу субот, амният, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварҳо зиёновар аст, даст кашанд.

Таъкид гардид, ки мубориза бо терроризм амалиёти ҷараёндор буда, талошу фаъолияти пайдарҳамро тақозо менамояд ва мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм тавассути баргузории конференсияҳои навбатии илмӣ-тадқиқотӣ ҳам дар Миср ва ҳам дар Тоҷикистон идома хоҳанд ёфт.

Дар конференсия коршиносони соҳа, намояндагони воломақоми Парламент ва мансабдорони давлатӣ, ашхоси бонуфузи сиёсӣ, устодони факултетҳои сиёсии донишгоҳҳои Миср, пажуҳишгарони шинохта, рӯзноманигорон, сафирон ва ҳайати корпуси дипломатии кишварҳои муқими Миср ва шабакаҳои телевизиони давлатии Миср ширкат варзиданд.

Меҳмонони хосаи конференсия ноиби Муфтии диёри Миср доктор Маҷдӣ Ашур, Раиси Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷии тобеи ВКХ Миср Сафир Мунир Заҳрон, собиқ деректори радио ва телевизиони Миср ва директори Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО генерал Ториқ Маҳдӣ, доктори илмҳои сиёсӣ генерал Абдулотӣ Шаъровӣ, вакили Парламенти Миср профессор Ҳишом Маҷдӣ, намояндагони Маҷлиси Шӯро (Парламент), вазоратҳои корҳои хориҷа, авқоф, Муассисаи ал-Азҳар, ҳизбҳои сиёсии Миср, зиёиён ва дигарон буданд.

Конференсияи мазкур дар се ҷаласаи алоҳидаи корӣ баргузор шуд. Дар кори ҷаласа ашхоси бонуфуз ва пажуҳишгарони мисрӣ суханронӣ карданд.

Ноиби Муфтии диёри Миср доктор Маҷдӣ Ашур, ки аз номи Муфтии диёри Миср доктор Шавқӣ Аллом суханронӣ менамуд, таъкид кардааст, ки сифати “Хавориҷ” бар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ва қанотҳои хориҷии он ТТЭ ҲНИ, ки ҳамеша дар талоши таъсиси як неруи оппозитсионии зиддиҳукуматӣ ҳастанд, амалӣ мегардад. Онҳо ба “қолаб” бештар аҳамият дода, мазмуну тафсири таълимоти диниро ба инобат намегиранд. Ӯ таъкид намуд, ки низоми онҳо ба “пирамидаи чаппа” шабоҳат дошта, дар мадди аввал “ҷиҳод” ва пас аз он “ақидаи исломӣ”-ро меомӯзанд.

Доктор М. Ашур илова доштааст, ки созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” ва шохаҳои он арзиши Ватан ва ватандориро эътироф намекунад. Онҳо принсипи иттиҳоди миллат пеш аз иттиҳоди диниро қабул надоранд. Принсипи онҳо гумроҳкунанда буда, бо ягон барномаҳои хоси илмӣ амал намекунад. Онҳо аз таҳаммулпазирии Ислом ва фаҳмиши дурусти он дурӣ меҷӯянд. Доктор М. Ашур таъкид сохт, ки ин масъалаест, ки бояд аз ҷониби ниҳодҳои иттилоотӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳ ва омузиш қарор гирад. Чунончи, ӯ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Раиси Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ сафир Мунир Заҳрон (собиқ муовини вазири корҳои хориҷии Миср, собиқ намояндаи Миср дар назди СММ, собиқ сафир дар кишварҳои Фаронса, Британия, Белгия, ИМА ва Мағриб) зимни суханронӣ аҳамият ва муҳимияти чунин чорабиниҳои илмиро дар шароити имрӯзаи пурпечутоби вазъи ҷаҳонӣ таъкид сохта, аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват ба амал овард, ки дар мубориза алайҳи созмонҳои террористие, ки аз ақидаи “Ихвон-ул-муслимин” сарчашма мегиранд, муттаҳид шуда, хатари ин гурӯҳҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонанд.

Сафир Иззат Саъд (cобиқ сафири Миср дар Россия ва сафири ғайримуқими Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2006-2010, ҳоло директори иҷроиявии Шӯро оид ба корҳои хориҷии Миср)  дар бораи таърихи истиқлолияти Тоҷикистон ва ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз хориҷ таҳмил гардида, бо дасти ТТЭ ҲНИ амалӣ гаштааст, суханронӣ намуд. Сафир Иззат Саъд доир ба дастовардҳои ҶТ дар даврони истиқлолият, касб кардани ҷойгоҳи махсус дар арсаи байналмилалӣ, сулҳу субот ва рушди кишвар баромад кард.

Директори Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО генерал Ториқ Маҳдӣ (собиқи узви Шурои Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқ директори Шӯрои миллии ВАО, собиқ деректори радио ва телевизиони давлатӣ, собиқ Сардори Ситоди неруҳои дифоъи ҳавоӣ) дар бораи нақши ВАО дар пешгирии ақидаҳои ифротӣ таъкид сохтааст, ки дар ҷомеа рӯзноманигорони содиқ ба миллату Ватан ва дину мазҳаби хеш зиёданд ва ҳамчун сипари давлат бо ифротиён дар муборизаи идеологӣ қарор доранд. Вале, мутаассифона, имрӯз баъзе рӯзноманигорон аз иҷрои вазифаи муқаддаси хеш дур рафта, манфиатҳои шахсиро аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта, бо навиштани мақолаҳои иғвоангезу супоришӣ миёни Ҳукумат ва шаҳрванд тухми нифоқ ва нобоварӣ эҷод менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз, ӯ аз масъулини давлатҳо даъват ба амал овард, ки мазмуни мақолаҳо ва маърӯзаҳои динӣ дар васоити ахбори омма ба таври доимӣ зери назорат ва таҳлил қарор дода шуда, мубориза бо чунин гурӯҳҳои ифротӣ бо қувваи фарҳанги қалам ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳии идеологӣ ҷоннок карда шаванд. Зеро имрӯзҳо барномаҳои махсуси мақсадноке мавҷуданд, ки фаҳмишу терминҳои он ба манфиати созмонҳои террористӣ анҷом ёфта, ин ҳолатро барои ҷалби ҷонибдорони худ истифода мебаранд. Ӯ ишора намуд, ки хатари терроризм ва созмонҳои ба он алоқаманд на танҳо барои минтақа, балки барои тамоми олам хатарафзо мебошад. Инчунин ӯ аз шахсиятҳои чандрӯя, ки дар ҳама ҳолатҳо аз Ватан ва ватандорӣ суиистифода мебаранд, мардумро огоҳӣ дод.

Вакили Парламенти Миср профессор Ҳишом Маҷдӣ таъкид намуд, ки фармудаҳои ҳамаи динҳои осмонӣ барои дунёву охират даъват намуда, ба андешаву фикри шахси дуюм эҳтиром мегузоранд. Ӯ барои пешгирии нашри фикру идеологияҳои харобовар дар байни ҷавонон даъват ба амал овард, то ин масъала тавассути иттиҳоди донишмандони дин, фарҳанг ва иттилоот пайваста мавриди баррасӣ қарор гирад. Вакили Парлумон аз тавоноии кишварҳо дар муқобили терроризми муташаккилона ва буҳронҳои сохта ёдовар гардид.

Доктори илмҳои сиёсӣ ва коршиноси масоили амниятии Миср, генерал-майор Абдулотӣ Шаъровӣ зимни баромадаш таъкид сохт, ки идомаёбии ҷанг ва дар ҳолати бесуботӣ қарор доштани минтақаҳои ноором, бахусус ҶИА ва Ховари миёна ба манфиати кишварҳои муайян буда, ҳар яке барои афзоиш додани нуфузи хеш дар ин минтақаҳо талош меварзанд.

Ҳамин тавр, дар намунаи болозикр генерал Абдулотӣ Шаъровӣ таъкид сохт, ки фаъолият доштани “Ихвон-ул-муслимин” ва ТТЭ ҲНИ ба нафъи кишварҳои манфиатҷӯи иқтисодиву идеологӣ буда, баҳри пиёда намудани нақшаву ҳадафҳои муғризонаи хеш ва ғайра, фаъолияти чунин ташкилотҳоро роҳнамоӣ, маблағгузорӣ ва пуштибонӣ мекунанд.  Ӯ аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм аз сиёсати меъёрҳои духӯра худдорӣ намуда, дастгириву пуштибонии ҳизбу ҳаракатҳоеро, ки ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудаанд, қатъ кунанд. Ҳамчунин ӯ пешниҳод кард, ки ҳукуматҳои пуштибон аз терроризм дар блокадаи байналмилалӣ қарор дода шуда, шабакаҳои телевизионӣ ва торнамоҳои электроние, ки ба манфиати онҳо хизмат мекунанд, фаъолияташон дар қаламрави кишвар қатъ карда шавад.

Дар фарҷоми ҷаласаи хотимавӣ мубодилаи афкор миёни коршиносони соҳа ва намояндагони ВАО, баррасии усулҳои муассир ва иқдомҳои ҷиддӣ ҷиҳати мубориза алайҳи терроризм ва огоҳонидани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бахусус “Ихвон-ул-муслимин”, ТТЭ ҲНИ ва ғайра бо мақсади ҳифзи амният ва суботи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ироаи хулосаҳои хотимавӣ ва тавсияҳо аз натиҷаи кори конференсия дар шакли зер сурат гирифт.  Аз ҷумла:

1.Далелҳои исботшудаи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба сарчашмаи ягонаи ақидавӣ ва робита миёни “Ихвон-ул-муслимин”, ТТЭ ҲНИ бо дигар ташкилотҳои террористӣ ба таври густурда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода шавад;

2.Дар доираи ҳамкории муштараки Тоҷикистону Миср қабули стратегияҳои нави мубориза алайҳи ақидаҳои харобиовари ин ташкилотҳо ва муҳокимаи паҳлӯҳои гуногуни экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии интишори онҳо;

  1. Ба таври доимӣ мазмуну мундариҷаи мақолаҳо ва маърузаҳои динӣ дар воситаҳои ахбори омма зери назорат ва таҳлил қарор дода шаванд. Зеро имрӯзҳо барномаҳои махсуси мақсадноке мавҷуданд, ки фаҳмишу терминҳои он ба манфиати созмонҳои террористӣ анҷом ёфта, ин ҳолатро барои ҷалби ҷонибдорони худ истифода мебаранд;

      4.Даъват ба амал аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалие, ки дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм аз сиёсати меъёрҳои духӯра истифода мебаранд, худдорӣ намуда, аз дастгириву пуштибонии ҳизбу ҳаракатҳое, ки ҳамчун созмони террористӣ эътироф гардидаанд, қатъиян даст кашанд.

     5.Дар мубориза бар зидди терроризм мутахассисони соҳа бо манбаъҳои боэътимоди маълумотдиҳии саҳеҳ таъмин карда шаванд;

6.Пайваста мавриди омӯзиш қарор додани сабабҳо ва омилҳои асосие, ки созмонҳои террористӣ метавонанд аз онҳо суиистифода намоянд;

      7.Ҷоннок намудани нақши муассисаҳои таълимии динӣ, такмил додани фаҳмиши сиёсии ҷомеа бо роҳи қабули стратегия оид ба муқовимат ба идеологияи созмонҳои террористӣ;

     8.Таъсиси гурӯҳи блогерҳои идеологӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Зеро маҳз созмонҳои террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ нашри идеологияи заҳролуд ва фатвоҳои гумроҳкунандаи худро ба роҳ мондаанд. Чунин блоки идеологӣ метавонад ҳамчун сипар бар зидди нашри идеологияи заҳролуд ва нодурусти террористон дар фазои маҷозӣ хизмат кунад;

  1. Ба роҳ мондани сафару вохӯриҳои дуҷонибаи коршиносону пажуҳишгарони ду кишвар ҷиҳати табодули бештари донишу таҷриба дар масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм.

Оид ба кори конференсияи мазкур дар воситаҳои ахбори оммаи Миср хабару мақолаҳои бешумор ба табъ расида, кори конференсия аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии Миср намоиш дода шуд.

Сентябрь 17, 2019 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
«МУШКИЛОТИ МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ФАЗОИ АВРУОСИЁ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бораи татбиқи Низоми ҳифзшудаи муқоисавӣ ба имзо расид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия Шартнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба имзо расид
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Бахшида ба Рӯзи кормандони ҳифзи сирри давлатӣ озмоишгоҳи ҳифзи техникии иттилоот ва бахши хизматрасонии техникӣ ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Фарғона мулоқоти роҳбарони хадамоти махсуси Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
Бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Даъвати баҳорӣ ба Артиши миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ идома дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд