Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон маҳалла ва кӯчаи беҳтарини шаҳри Душанберо муайян намуд

Сентябрь 26, 2019 15:05

ДУШАНБЕ, 25.09.2019 АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид.

Тавре ки қаблан иттилоъ додем, бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳал ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор ноҳияи шаҳр озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор гардид.

Дар ҷараёни баргузории озмун муайян гардид, ки дар маҳалла ва кӯчаҳои шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, нисбат ба солҳои гузашта шинонидани дарахтон, гулу буттаҳо ва майсазор зиёдтар ба назар мерасад. Инчунин намои хонаҳои истиқоматӣ, ҳолати тозагии кӯчаҳо ва нуқтаҳои партовпартоӣ беҳтар шудааст.

Дар озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» ҷои якум насиби маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и  ноҳияи Шоҳмансур гардида, ҷои дуюмро маҳаллаи “Хуҷандӣ”-и ноҳияи Сино гирифт ва ҷои сеюм ба маҳаллаи “Фирдавсӣ”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дода шуд.

Дар озмуни «Кӯчаи беҳтарин» ғолиби ҷои якум кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино гардид. Ҷои дуюму сеюм мутаносибан ба  кӯчаҳои Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаи Соҳилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дода шуд.

Ғолибони ҷойи аввал бо шаш ҳазор сомонӣ ва Дипломи дараҷаи 1-и  Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, ҷои дуюм бо Дипломи дараҷаи  2 ва 4 ҳазор сомонӣ ва барандаи ҷои сеюм бо Дипломи дараҷаи се ва 2 ҳазор сомонӣ   қадрдонӣ гардиданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои мазкур солҳои оянда тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Озмуни мазкур солҳои 2020 ва 2021 низ гузаронида шуда, дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст карда мешаванд.

Сентябрь 26, 2019 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд