НАҚШИ НАҚЛИЁТ ВА ИНФРАСОХТОРИ ОН ДАР РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Мавзӯи мазкур имрӯз дар Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баррасӣ гардид

Сентябрь 27, 2019 18:31

ДУШАНБЕ, 27.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши нақлиёт ва инфрасохтори он дар рушди соҳаи сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи гражданӣ,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, устодон ва донишҷӯёни  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки барои таъмини рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ ва баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ, тибқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2030 бояд корҳои зиёди дигаре  бахусус ҷиҳати рушди инфрасохтори  соҳа  анҷом дода шаванд.

Махсусан, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, ки яке аз ҳадафҳои асосӣ дар Стратегияи мазкур дарҷ гардидааст, аҳамияти калон барои рушди сайёҳӣ, нақши нақлиёт ва инфрасохтори он дар ҷалби сайёҳон ба ҳисоб меравад. Имрузҳо тибқи Стратегияи мазкур таҷдиду аз навсозии роҳҳои автомобилгард ва кушодани сарҳадҳо барои судур ва вуруди шаҳрвандон як қатор корҳои амалӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда шудааст, ки ба ҷалби бевоситаи сайёҳон замини хуб фароҳам оварда истодааст. Ҳамзамон, Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банақшагирӣ ва сохтмони шоҳроҳҳо ҳамкорӣ намуда, бунёди инфрасохтори сарироҳиро  мутобиқ ба талаботҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта истодаанд.

Инчунин, кушодани хатсайрҳои мустақими ҳавои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки руз то руз зиёд гардида, ва сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиёти ба сифати нав бароварда шуда истодаанд, барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки дар самти сайёҳи барнома ва лоиҳаҳое мавҷуд аст, ки бароои дар амал татбиқ намудани онҳо миқдори муайяни вақт зарур мебошад.

Имрўзҳо дар натиҷаи таблиғу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби Кумита, аксари ширкатҳои сайёҳӣ аз содироти сайёҳон ба хориҷи кишвар, бештар ба воридоти онҳо ва сайёҳии дохилӣ машғул шуда, хатсайрҳои нави сайёҳӣ ба минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шуданд. Дар баробари ин, дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ Маркази хизматарасонии нақлиётӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо фарогирии автомашинаҳои сабукрав ба фаъолият оғоз намуд, ки ба рушди соҳа ва беҳтар намудани хизматрасониҳои сайёҳӣ таъсири мусбӣ расонида истодааст.

Идомаи кори конференсияи мазкур дар ду бахш – бахши «Ташкили ҳамлу нақл, идоракунӣ ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» ва бахши «Истифодабарии нақлиёти автмобилӣ, бехатарӣ, экология ва стандартикунонӣ» баргузор мегардад.

Сентябрь 27, 2019 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд