Носирҷон Салимӣ: «Рӯдакӣ рамзи гузашта ва рамзи ҳофизаи таърихии мост, ки бо шунидани ном ва хондани ашъораш гузаштаи пурифтихорамонро ба хотир меорем»

Сентябрь 20, 2019 15:02

ДУШАНБЕ, 20.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ – тавонотарин шоири даврони Сомониён, бунёдгузори адабиёти тоҷику форс бо лақабҳои «Одамушшуаро», «Султонушшуаро» ва «Соҳибқирони шоирон» бо баргузории конференсия, маҳфил ва  суҳбатҳо таҷлил мегардад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, имрӯз дар арафаи Рӯзи Рӯдакӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин маҳфили илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад олимон, рӯдакишиносон, намояндагони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, адибон, ҳунармандон ва ҷавонон-ҳаводорони ашъори «Одамушшуаро» иштирок намуданд.

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ зикр намуд, ки «таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ- ин иди бузургдошти сардафтари адабиёти тоҷику форс,  иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик мебошад. Устод Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханварест, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсу тоҷик ҷамъбаст кардааст. Яъне Рӯдакӣ рамзи гузашта ва рамзи ҳофизаи таърихии мост, ки бо шунидани ном ва хондани ашъорашон мо гузаштаи пурифтихори худро ба хотир меорем».

Котиби илмии Институти мазкур, номзади илмҳои филологӣ Шамсиддин Муҳаммадиев, доктори илми санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ, Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ва дигарон оид ба ҳаёту фаъолият, мақом ва осори «Султонушшуаро» сухан карда, аҳамияти ашъор ва осори ӯро дар тарбияи худшиносии ҷавонон хеле муҳим арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ашъори устод Рӯдакӣ пур аз ҳикмат ва таҷрибаи рӯзгор мебошад. Аз мактаби бузурги шоирие, ки  бунёдгузори адабиёти тоҷику форс ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, тӯли ҳазорсолаҳои дигар метавон сабақҳо бардошт. Порчаҳои назмию насрии устод ифодакунандаю ҳидоятгари роҳи  илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ буда, ҷаҳони маънавии хонандаро ғанӣ мегардонанд.

Дар фарҷом ҳунармандони маъруфи мамлакат ва ҷавонон бо қироату замзамаи ашъори устод Рӯдакӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.

Институти забон ва адабиёт 22 сентябр ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар зодгоҳи устод Рӯдакӣ-Панҷрӯд баргузор кардани конфронси илмии байналмилалиро бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба нақша гирифтааст.

Мавриди зикр аст, ки соли 2002 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакиро ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид кард. Аз ҳамон сол инҷониб 22 сентябр чун Рӯзи бузургдошти устод Рӯдакӣ дар тамоми муассисаҳои илмии мамлакат ҷашн гирифта мешавад.

Сентябрь 20, 2019 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст